Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус барои соли 2019 ба тасвиб расид.
Мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия Абдулазиз Қурбонназаров иттилоъ дод, ки дар соли 2019 500 нафар омӯзгори 54 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар 20 курсу семинар ба омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд .
Соли гузашта низ 347 нафар омӯзгори муассисаҳои таълимии ноҳия дар филиали ДҶТИБКСМ дар шаҳри Бохтар аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд.
Воқеан ҳам, баланд бардоштани сатҳи касбият ва донишу малакаи омӯзгорон барои боз ҳам беҳтар кардани сифати таълиму тарбияи хонандагон нақши муҳим дорад .
- Густариши муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ, инкишофи босуръати техникаю технологияи муосир ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот наздик шудан, рӯи чоп омадани нақшаю барномаҳои нави таълимӣ, китобҳои дарсии тозанашр ва ҷорӣ гардидани низоми нави идоракунии мактабу маориф моро водор намуд,ки дар назди хонаи методии шуъбаи маориф боз як кабинети муҷаҳҳази дастурдиҳиро барои омӯзгорон таъсис диҳем, - иброз дошт мудири кабинети методии шуъбаи маориф А.Қурбонназаров.
Аъзам БОБОЕВ,
рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр