Дар гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо муаллифи китобҳои дарсии забони модарӣ барои синфи 3, табиатшиносӣ барои синфи 4, санъат ва меҳнат барои синфи 1 (бо ҳаммуаллифӣ), дастурҳои таълимии «Мавқеи бозиҳои таълимӣ дар дарсҳои забони модарӣ», «Методикаи таълими ибтидоии забони модарӣ» (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ), номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ибодулло Абдуллоев, ки ҳоло дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ фаъолият дорад, вохӯрӣ баргузор гардид.
Ибодулло Абдуллоев ба ҳозирин дар бораи китобҳои дарсии навиштааш ва мазмуну муҳтавои онҳо нақл кард. Муаллиф иброз намуд, ки кӯшиш ба харҷ додааст, то китобҳои навиштааш мақбули хонандагон ва омӯзгороне, ки аз рӯи ин китобҳо таълим медиҳанд, гарданд.
Ҳозирин иброз намуданд, ки баъзе мавзӯъҳои китобҳои дарсӣ ба барномаи таълимии фанҳо мувофиқат намекунанд. Ибодулло Абдуллоев посух дод, ки агар муаллифи китоби дарсӣ барномаи ин ё онро фанро худаш нависад, дар ин сурат номувофиқии мавзӯъҳои китобҳои дарсӣ бо барномаи ин фанҳо дида нахоҳад шуд.
Ба фикри Ибодулло Абдуллоев, китобҳои дарсии синфҳои ибтидоиро аз нав коркард кардан лозим аст, то мавзӯъҳои грамматика ва имло аз байн нараванд. Ба донишҷуён – муаллимони оянда дарсҳои амалӣ бештар ташкил кардан лозим, чунки таҷриба дар ҷойи аввал меистад.
Устод Ибодулло Абдуллоев қайд намуд, ки муносибати босалоҳият дар таълим ва ҷаҳонӣ шудани таҳсилот моро водор месозанд, ки ҳамқадами замон бошем, барои тайёр кардани мутахассисони ба стандартҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ кӯшиш ба харҷ диҳем. Ҳозирин қайд намуданд, ки муносибати босалоҳият дар таълими синфҳои ибтидоӣ соли сеюм аст, ки ҷараён дорад, вале дар ин самт ҳанӯз муваффақиятҳо комил нестанд. Сабабашро ба миқдори кам чоп шудани Роҳнамои омӯзгор ва дар гуногунии фикру ақидаҳои олимони мактабшинос ва омӯзгорон ҷустуҷӯ кардан лозим меояд.
Т. ҶУМЪАЕВ,
омӯзгори гимназияи №53
ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи
ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр