Нашрияи Омӯзгор

Эҳёи тоҷикон

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Таърихи ҳар халқу миллат аз марҳилаҳои гуногун иборат аст. Ин марҳилаҳо бо ҳодисаву воқеаҳо ва гардишҳо иртибот доранд. Яке аз барҷастатарину муҳимтарин марҳилаи таърихи халқи тоҷик, ки онро давраи тиллоӣ низ мегӯянд, бунёдёбии давлати Сомониён ва ташаккули он мебошад.

Ин давраи шукуфоиро давраи Эҳёи тоҷикон низ меноманд. Дар марҳилаи мазкури таърихи тоҷикон ҳодисаҳои муҳиму мондагоре ба вуқӯъ пайвастанд, ки то ин дам муҳаққиқону таърихшиносон дар бораи онҳо ибрози андеша мекунанд, ба таҳқиқу баррасӣ машғул мешаванд. Аслан марҳилаи Эҳёи тоҷикон давраи тӯлониеро (аз асри  V ва XI мелодӣ) дар бар мегирад, вале нуқтаи баланди он ба аҳди Сомониён мутааллиқ аст. Эҳёи тоҷикон пайванд бо комёбиҳои илмию фарҳангии аҷдодони қадими ин халқ – суғдиён, бохтариён, марғиён, хоразмиён ва чанд иттиҳоди дигар мебошад. Маҳз Эҳёи тоҷикон тавонист, ки онҳоро аз қатлу ғоратгариҳои аҷнабиён, таъқибу тохту тороҷҳои қавмҳои бегона эмин нигоҳ дорад.

Муҳаққиқон пас аз муайян кардани ҳодисаи Эҳёи тоҷикон ва аниқсозии моҳияту хусусиятҳои он муҳимтарин ҷанбаҳои ин рӯйдод, ё худ, марҳилаи муҳимро чунин муқаррар кардаанд:

- шаклгирии халқи тоҷик дар давраи аз Сосониён то Сомониён;

- шаклгирӣ ва густариши забони ягонаи адабӣ (форсӣ – дарӣ – тоҷикӣ);

- шаклгирии назарияи давлати халқии тоҷикӣ ва таъсиси давлати мутамарказ ва мутараққии Сомониён;

- шаклгирии махсусиятҳои тамаддуни тоҷикӣ, ки дорои аҳамияти ҷаҳонӣ буд;

- шаклгирии назария ва амалия дар соҳаи кишоварзӣ, шаҳрсозиву меъморӣ, ҳунармандӣ, илму адаб;

Муқаддас донистани афкори сулҳхоҳиву башарпарварӣ вобаста ба пирӯзии некӣ бар бадӣ…

Ин ҳама хусусиятҳои барҷаста моҳият, аҳамият ва сатҳи баланди аҳди Эҳёи тоҷиконро хеле барҷаста таҷассум менамоянд. Ин аҳд тавоноӣ, маҳорати давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва неруи тавонои созандагии тоҷиконро дар назари оламиён собит сохт. Анҷоми давраи Эҳёи тоҷикон, ки бо суқути давлати Сомониён пайвастагӣ дорад, фоҷиаи мудҳише буд, ки барои солиёни зиёд асар гузошт.

Хушбахтона, бо расидан ба истиқлолияти давлатӣ  дар интиҳои асри ХХ тоҷикон аз нав ба Эҳё расиданд ва имрӯз  аҳди навини Эҳёи тоҷикон идома дорад. Ин аҳд безаволу ҷовидон хоҳад буд.

Замира Давлатова,

ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш