Дар толори мактаби рақами 100-и ноҳияи Шоҳмансур бо иқдоми Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ озмуни «Дониш ва ҳунар» баргузор гардид. Дар он 5 даста аз чор ноҳияи шаҳр ва МҶМТИ аз рӯи се шарт сабқат орос-танд.
-Мақсад аз ташкили чунин чорабинӣ сайқал додани маҳорати эҷодӣ, ташаккули қобилияти зеҳнӣ, инчунин, тарбияи наврасон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва арзишҳои миллист, - иброз дошт директори МҶМТИ Умедҷон Сафарзода.
Тибқи муқаррароти Низомномаи озмун шарти нахустин иҷрои саҳнаи бадеӣ буд, ки дар он довталабон дар мавзӯъҳои гуногуни ахлоқӣ, риояи қонун, ҷилавгирӣ аз ҳаракатҳои номатлуб, зиёд намудани шавқмандӣ ба сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳтироми падару модар ҳунарнамоӣ карданд. Дар ин шарт маҳорати хуби дов-талабон аз ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур бештар мушоҳида гардид.
Дар иҷрои шарти дуюм, ки чистонгӯӣ буд, дас-таи ноҳияи Шоҳмансур чистонҳои нав гуфтанд ва намояндаи ноҳияи Сино дар посухи чистонҳо фаъолияти хуб нишон дод.
Шарти сеюм иҷрои саҳначаи ҳаҷвӣ буд, ки дар он ҳар даста маҳорати хоси худро бо пешниҳоди саҳначаҳои ҷолиб ба миён гузоштанд. Дар ин бахш дастаи «Душанбе» - маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе маҳорати хуб нишон доданд.
Ниҳоят, озмун ҷамъбаст шуд ва ҷойи якум ба дастаи МКН ноҳияи Сино, ҷойи дуюм ба МКН-и ҷумҳуриявӣ ва шаҳри Душанбе, ҷойи сеюм ба марказҳои ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ лоиқ дониста шуд.
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр