Нашрияи Омӯзгор

То ҷаҳони маънавӣ ташаккул ёбад…

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Дар замони муосир, ки ҷаҳон ба марҳалаҳои навини мураккабу печида ворид гардидааст, ташаккулу таҳаввули насли наврас ва ҷавонон дар кишвари мо дар мадди аввал қарор гирифтааст. Айни замон баҳри тарбияи маънавии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз тамоми  воситаҳои судбахш ва омилҳои мусбати муассир истифода бояд кард. Зеро ба дӯши аҳли ҷомеа, хусусан, устодону омӯзгорон ва падару модарон рисолати бузурге гузошта шудааст, ки он тарбия ва ба камол расондани насли худогоҳу миллатпарвар ва ватандӯсту ҳувиятхоҳ ба шумор меравад. Ин нукта дар Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст.

Сарвари давлат дар ин замина омӯзиши бардавоми насли нав-рас, мусаллаҳ гардидани онҳоро бо истифода аз васоити технологии замони муосир, донистану аз худ кардани забонҳои русию англисӣ ва ғайра муҳиму аввалиндараҷа меҳисобанд. Дар ин хусус, дар Паём зикр шудааст: «Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии  миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд».

Тарбияи насли ояндасози миллат амали саҳлу осон набуда, аз аҳли ҷомеа, устодону омӯзгорон ва волидон иродат ва саъйю талоши ҳамешагиро талаб мекунад. Имрӯз ба падару модарон зарур аст, ки барои такомули маънавии фарзандони худ ҷаҳони фарҳангию маърифатии онҳоро ғанӣ гардонанд. Албатта, ин ҳама бо суханҳои умумӣ ва хушку холӣ анҷом дода намешавад. Барои маърифатманд гардидани  фарзанд волидонро зарур аст, ки дар хона китобхонаи алоҳида таъсис бидиҳанд. Маҳз таваҷҷуҳ ба китоб ва мутолиа яке аз омилҳои умдаи муассири тарбияи насли наврас ба ҳисоб меравад. «Китоби хубу пурмуҳтаво шахсро аз роҳи каҷ баргардонда, хислатҳои нек-ро дар вай парвариш медиҳад». Бесабаб нест, ки китобро бузургони илму адаб роҳнамои беминнат ва аниси кунҷи танҳоӣ хондаанд.

Роҳи дигари тарбияи ҳадафмандона ин рӯ овардани хонанда ба компютер ва дигар воситаҳои техникии замони муосир мебошад. Истифодаи бамаврид ва огоҳона аз компютер ва Интернет доираи ҷаҳонбинии насли наврасро васеъ намуда, ӯро ҳамадон ва маънаван  шахси пешрафта мегардонад. Аммо дар ин ҷода бояд меъёрҳои истифода аз воситаҳои техникӣ аз ҷониби  хонандагон риоя карда шавад. Волидон низ фарзандонро назорат бояд кунанд, ки истифодаи компютерро ба ҳадди ифрот нарасонанд.

Дигар омиле, ки баҳри рушди маънавии хонандаи мактаби имрӯз нақши ҳалкунанда мебозад, омӯзиши  забонҳои  хориҷӣ маҳсуб меёбад. Омӯзиши забонҳои  русӣ, англисӣ, немисӣ, хитоӣ, фаронсавӣ, испанӣ ва ғайра барои минбаъд ҳамчун донишманду мутахассиси хуб ва ба ҷомеа зарурӣ ба камол расидани насли нави муосир такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Замони муосир талаб мекунад, ки волидон дар тарбия ва ба воя расондани фарзандони  соҳибтафаккур, интеллектуал ва дорои ҷаҳонбинии пешрафта кӯшишу ғайрати зиёд намоянд. Ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзишу аз худ кардани фанҳои дақиқу бунёдӣ низ тақвиятбахши  донишу дарк ва фаҳмиши муосир ба шумор меравад.

Сайёра

АБДУЛЛОЕВА,

омӯзгори таъриху ҳуқуқи  муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №23-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш