Нашрияи Омӯзгор

Бадкирдор ба мақсад намерасад

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Дар Паёми навбатиашон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тунд-рав ва равияҳои номатлуби ҷомеа чун падидаи басо хатарнок тавсиф бахшида, таъкид доштанд, ки ба муқобили ин зуҳуроти номатлуби ҷома бояд муборизаи дастаҷамъона бибарем ва зиракии сиёсии аҳолӣ, бахусус, насли наврасро баланд бардошта, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат доимо омода бошем.

Мо шукрона аз он бояд бикунем, ки дар чунин кишвари осудаву ором, серу пур, зебою биҳиштосо, дар оғӯши наздикони худ умр ба сар мебарем:

Шукри ободию тинҷии замон,

Шукри файзу нузҳати ҳар хонадон,

Шукри Пешвои ҳалиму меҳрубон,

Шукри хони пурсахои халқамон.

 Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо ҳастанд нафароне, ки ба ҳамаи ин неъматҳо носипосӣ намуда, ба ҳар гуна гурӯҳу созмонҳои ифротгаро шомил мешаванд. Онҳо на танҳо ояндаи худ, балки ояндаи наздикони худро низ зери хатар мегузоранд. Бадбахтона, ин равияҳо ва созмонҳои ифротгаро ҷавононро дар рӯҳияи инсонбадбинӣ, сӯиқасд ба ҷони худ ва дигарон, зӯровариву таҷовузкорӣ, одамрабоӣ, таҳдиди нобуд сохтани молу амволи одамон, ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок ва дар маҷмӯъ, халалдор намудани амнияти ҷамъият тарбият менамоянд. Онҳо ба ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки оромиву осоиштагии сокинони сайёраро халалдор созанд.

 Албатта, шахси нияташ нопок ҳеҷ гоҳ ба мақсадаш намерасад. Ҳамеша некӣ бар болои бадӣ ғалаба мекунад. Ҳамаи мо омӯзгоронро мебояд, ки шогирдони худро аз роҳи нодуруст баргардондем. Онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, пос доштани тинҷиву субот тарбият намоем. Маҳз тарбияи нодурусти наврасон ва ҷавонон дар оила ва муҳити носозгор омиле мебошад, ки наврасон ва ҷавоноро ба роҳи нодуруст мебарад. Тарбия намудани наврасону ҷавонон вазифаи оила, муассисаи таълимӣ ва тамоми ҷамъият мебошад. Агар мо, омӯзгорону волидон, тарбияро дар муассиса ва оила дуруст ба роҳ монда, моҳияти ин масъаларо равшану возеҳ ба хонандагон фаҳмонем, албатта, ба натиҷаҳои назаррас ноил мешавем. Набояд наврасону ҷавонони даврони истиқлол фирефтаи ин гунна гурӯҳҳо гарданд. Ҳар як фарди солимақлу бофарҳангро лозим аст, ки аз ин гуна гурӯҳҳо дурӣ ҷӯяд ва садди роҳи ин гуна равияҳои номатлуб гардад.

Мо – омӯзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат дода, дар ниҳоди насли наврас ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба терроризм, экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби ҷомеа бедор намоем. Дар навбати худ, ҷавонон бояд худ ташаббускори амалҳои созанда бошанду таъкидҳои падаронаи Пешвои муаззамамонро ба хубӣ дарк намуда, бо илмомӯзиву касбомузӣ ҳамеша сазовори номи гузаштагони боифтихорамон амал намоянд.

 

Сурайё КАРИМОВА,

омӯзгори мактаби №81-и

шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш