Нашрияи Омӯзгор

 «Дарси бузургтарини ҷаҳон»

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Тайи чанд соли охир дар соҳаи маориф навовариҳои зиёде ворид гардида истодаанд, ки ба пешрафту рушди ин соҳа мусоидат менамоянд. Яке аз чунин навгониҳо ба роҳ мондани низоми муносибати босалоҳият дар таълим мебошад.

Чанде пеш дар маҷмааи Душанбе-Плазаи шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва бахши маорифи ЮНИСЕФ семинари омӯзишӣ оид ба ташаккули салоҳиятнокӣ зери унвони «Дарси бузургтарини ҷаҳон» баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону роҳбарони созмонҳои хонандагони шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Банда роҳбарии созмони хонандагони муассисаи таълимии №65-и ноҳияи Рӯдакиро бар уҳда дорам ва яке аз иштирокдорони ин ҳамоиш будам. Дар анҷоми ҳамоиш гуфта шуд, ки ҳар як иштирокдори семинар бояд дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияи худ дар ин мавзӯъ дарс гузарад. Ман дар мактабҳои №№65, 66-и ноҳияи Рӯдакӣ «Дарси бузургтарини ҷаҳон»-ро гузаронидам, ки ҳадаф аз он боз ҳам шавқовару ҷолиб гардонидани раванди илмомӯзии бачаҳо мебошад. Дар ҷараёни дарси мазкур хонандагони ин муассисаҳо, фаъолона ширкат варзида, маълумоти тоза дарёфтанд. Ният дорам дар оянда низ ин дарсро дар чанд муассисаи таълимии дигар баргузор намоям.

Ашӯрмо Илёсова,

роҳбари созмони хонандагони  мактаби

№65-и ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш