Пеш аз он ки мо дар дарси адабиёт ба толибилмон луғат омӯзонем, бо худи истилоҳи луғат бояд шинос бошем. Луғат хазина ё маҷмӯи калимаҳое мебошад, ки мувофиқи тартиби алифбо омадаанд.
Дар он маънои ҳар як калима шарҳ меёбад ва ё бо забони дигар тарҷума мешавад. Луғатҳо тасвирӣ, имлоӣ, истилоҳӣ ва забонӣ мешаванд. Луғати бештар муҳим барои хонандагон луғати имло ба шумор меравад. Он ба хонандагон қонунҳои муҳими имло ва тарзи дурусту саҳеҳи ҳар як калимаро меомӯзад.
Луғатомӯзӣ дар мактабҳо асосан дар дарсҳои адабиёт ҷараён меёбад. Хонандагон ҳар қадар бештар луғат омӯзанд, нутқашон бурро ва фикрашон саҳеҳ мешавад. Афсӯс, ки имрӯз зумрае аз хонандагон аз мутолиаи асарҳои бадеию рӯзномаю маҷаллаҳо дурмондаанд ва аз ин рӯ, захираи луғавиашон коста асту бо забони махлут ҳарф мезананд.
Барои луғатомӯзӣ дар дарси адабиёт дафтари адабиёт таъсис дода мешавад. Иловатан хонандагон аз луғатҳои тафсирии мавҷуда истифода бояд баранд. Вобаста ба луғатомӯзӣ байни хонандагон баргузор намудани озмунҳо хеле муфид аст. Ман аввали моҳи октябр бахшида ба Рӯзи забон озмуни «Луғатдон - ҳамадон»-ро байни хонандагони синфи 5 ва синфи 6 гузаронидам. Дар он шогирдон бо шавқу рағбати зиёд иштирок намуданд. Хонандаи синфи 6 С.Масоидов ва хонандаи синфи 5 С.Қосимова луғатдони беҳтарин шуморида шуданд.
Ташкили луғатомӯзӣ дар дарс барои ташаккули нутқи хаттиву шифоҳии хонандагон муҳим буда, аз омӯзгор таваҷҷуҳи махсус металабад. Барои ғанӣ гардидани захираи луғавии хонандагон омӯзиши луғатро аз синфҳои ибтидоӣ бояд хуб ба роҳ монд.
Луғатомӯзиро бо роҳҳои ҷолибу шавқовар ташкил кардан зарур аст. Масалан, дар қисми хотимавии дарсҳо ташкили бозиҳои дидактикии «Кӣ бештар луғат медонад?», «Кӣ зудтар маънои калимаро шарҳ медиҳад?» барои хонандагони синфи 5-6 ба мақсад мувофиқ аст.
Мунтазам омӯхтани луғатҳо боиси суханвару сухандон гардидани хонанда ва афзудани меҳру муҳаббати ӯ нисбат ба забони модарӣ мегардад.
Бунафша Холйигитова,
омӯзгори забон ва
адабиёти тоҷики мактаби №89-и ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр