Нашрияи Омӯзгор

Таърих дар шеър

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 766        Шарҳ: 0

Омӯзиши фанҳо дар мактаб аксаран дар алоқамандӣ  бо ҳамдигар ҷараён меёбад. Як фан фанни дигарро пурра мекунад, овардани маълумоте, далеле, иқтибосе аз як фан боиси шавқовару ҷолибтар гаштани дарс аз фанни дигар мешавад. Ин ҳодисаи маъмул дар раванди таълиму тарбия маҳсуб меёбад.

Дар омӯзиши фанни таърих низ робитаи байни фанҳо равшан ба назар мерасад. Дониши хонандагон аз фанҳои география, математика, физика, забон, адабиёт ва монанди инҳо ба онҳо барои амиқтар аз худ кардани фанни таърих мадад мерасонад. Мо дар дарсҳои таърих аз шеърҳои шоирони тоҷик вобаста ба мавзӯъ ва дар лаҳзаҳои мувофиқ зиёд истифода мебарем ва ин барои шогирдон басо завқбахшу хушоянд аст.  Дар ин росто, махсусан, эҷодиёти шоирони тавонои миллат, устодон  Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир ба омӯзгорони таърих мададгоранд. Устод Лоиқ дар мавзӯъҳои вобаста ба таърихи халқи тоҷик шеърҳои баланду пурмазмуну муассире иншо бинмудааст, ки «Оли Сомон», «Кӯҳистонӣ», «Таърих гувоҳ аст», «Баъд аз ҳазор сол», «Аҳмади Дониш», «Тиллои Бухоро», «Бухорою Самарқанд», силсилаашъори «Илҳом аз «Шоҳнома» аз ҷумлаи онҳоянд.

Омӯзгорони варзидаи таърих хуб медонанд, ки чӣ қадар шеъри «Оли Сомон» барои дақиқу амиқтар омӯзонидани мавзӯи «Давлати Сомониён» ба омӯзгорон  мадад мерасонад, боиси ҷолибу таъсирбахш  гардидани дарс мешавад. Ё худ, шеъри баланду пурмазмуни «Таърих гувоҳ аст»-ро омӯзгорони таърих метавонанд дар чандин дарси хеш бо шогирдон истифода намуда, пеш аз ҳама, ҳисси миллию ифтихори миллии хонандагонро таҳрик бахшанд. Ин шеър зикри махсусест дар ҳошияи таърихи халқи тоҷик ва барҷастатарин хислатҳои ин халқи куҳанбунёдро тафсир мебахшад. Инро, ҳатто, дар се мисраи аввали шеър метавонем  равшан ба мушоҳида бигирем:

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ

замоне

Тоҷик ба хоки дигаре аз сари

кина

Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар

накашидаст.

Устод Бозор Собир низ як даста аз нигоштаҳояшро ба мавзӯи таърих бахшида, чанд лаҳзаву воқеаи муҳиму мададгори гузаштаи халқи худро ба риштаи назм кашидааст. Шеърҳои баландмазмуни «Бухоро», «Теғи Сино», «Муҷассамаи Айнӣ», «Китоби «Тоҷикон», «Фирдавсӣ», «Забони тоҷикӣ» аз ҳамин силсилаанд. Бубинед, танҳо дар оғози шеъри пуровозаи «Забони тоҷикӣ» чӣ қадар ишораву руҷӯъ   ба таърих ба мушоҳида мерасад:

Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт,

дод,

Хиттаи Балху Бухоро дошт,

дод,

Суннати волою девон дошт,

дод,

Тахти Сомон дошт, дод…

Омӯзгори таърих дар сурати пайваста рӯй овардан ба адабиёт ва бархӯрдорӣ аз он метавонад шеърҳои зиёдеро пайдо намуда, дарсҳояшро барои шогирдон ҷолибтар созад.

Меҳриддин Ғафуров,

омӯзгори таърихи мактаби

№93-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш