Нашрияи Омӯзгор

Сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар Панҷакент

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Панҷакент ба бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47 санги асос гузошт.

Ин бинои нав барои 640 ҷойи нишаст сохта мешавад ва фармоишгари он корхонаи муштараки “Зарафшон” ва пудратчӣ ҶДММ “ПМК 278” мебошад. Тибқи лоиҳа, бинои нави таълимӣ аз се ошёна иборат буда, дорои ошхона, маҷлисгоҳ ва утоқҳои ёрирасон аст.

Раиси вилоят ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72 аз наздик шинос гардида, ҷиҳати тақвияти корҳо ба масъулин супоришҳо дод. Бинои нави мактаби рақами 72 низ барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш