Нашрияи Омӯзгор

Оғози курси шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳо

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси шиносоиро бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (минбаъд – ИМД) дар соли 2019 барои таблиғгарон оғоз кард.

Вобаста ба ин 14-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф вохӯрии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимӣ доир гардид. Дар ин вохӯрӣ, аз ҷумла, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд. Дар оғози ҷаласа директори Маркази миллии тестӣ Икромӣ Хуршед ҳозиринро аз ҳадафи ҷамъомад, баъзе дигаргунию навгониҳои дар низоми ИМД баамаломада огоҳ сохта, таъкид кард, ки мутасаддиён – таблиғгарон ва шахсони дигари алоқаманди низоми мазкур барои софдилонаю бо камоли масъулият иҷро намудани вазифаҳояшон бикӯшанд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид гуфт, ки дуруст ва мувофиқи матлаб роҳандозӣ кардани корҳои таблиғотию иттилоърасонӣ вобаста ба низоми ИМД яке аз омилҳои комёбии довталабон дар роҳи донишҷӯист.

Сипас шахсони масъули Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзӯъҳои муайян дар доираи курси шиносоӣ бо низоми ИМД барои таблиғгарон дар соли 2019 тавассути муаррифии компютерӣ (презентатсия) баромад карданд.

Дар баробари мавзӯъҳои маъмулие, ки ҳамасола дар бораи онҳо ба иштирокдорони ин чорабинӣ маълумот пешниҳод мегардид, соли ҷорӣ доир ба як қатор навгониҳои низоми ИМД, аз қабили ба роҳ мондани қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи  таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ва ба низоми ИМД ворид гардидани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (воқеъ дар шаҳри Хоруғ) иттилоъ дода шуд.

Иштирокдорони курси шиносоӣ ба низоми ИМД аз ҷумлаи кормандони масъули сарраёсат ва раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимӣ интихоб шуда буданд.

Курси шиносоӣ дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор мегардад.

Дар доираи 9 дарси пешбинишуда давоми 3 рӯз дар ду сатҳи аввал моҳи январ ва дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ дар давоми моҳи феврал доир ба талаботу  қоидаҳои муқарраршуда барои бақайдгирии  довталабон ва мавзӯъҳои дигари дахлдор гуфтугӯҳо сурат мегиранд. Ҳайати кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барнома ва модули омӯзишӣ барои шарҳу тафсили мавзӯъҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла, муаррифии компютерӣ, маърӯзаҳои хурд, маводи тақсимотии чопию электронӣ ва ғайраро омода намудаанд.

Замони баргузории курси шиносоӣ бо низоми ИМД дар сатҳ (давр)-и аввал барои 100 нафар корманди муваққатии Марказ – таблиғгарон дар соли 2019 вобаста ба минтақаҳо чунин аст:

-  барои таблиғгарони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 14-ум то 16-уми январи соли 2019  (дар шаҳри Душанбе, маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф);

-  барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти  Хатлон  аз           17-ум то 19-уми январи соли 2019 дар шаҳри Бохтар (муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи Анварбек Ҳамидов); 

-  барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои  минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз 17-ум то 19-уми январи соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб (филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб);

-  барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз 17-ум то 19-уми январи соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд (гимназияи № 1-и ба номи Раҳим Ҷалил). 

Сатҳи дуюми курси шиносоӣ барои 3600 намояндаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ,  миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи  68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз 24-ум то 26-уми январ ва сатҳи сеюми курси шиносоӣ барои 150 000 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии зикршуда давоми моҳи феврал бевосита дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар анҷоми курси шиносоӣ донишҳои азхудкардаи иштирокдорони сатҳи аввал вобаста ба мавзӯъҳои пешниҳодшудаи барномаи омӯзишӣ аз тариқи тест санҷида мешавад.

Бояд қайд кард, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД-2019 аз 28-уми январ то 6-уми март, дар баробари мониторинги рафти курси шиносоӣ дар сатҳи сеюм, вохӯриҳои кормандони муваққатии Марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модарон пешбинӣ шудааст.

 

Замира Абдусаломзода,

котиби матбуотии

Маркази миллии

тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш