Нашрияи Омӯзгор

Барномаи фаъолияти аҳли маориф

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Ин аст дастур ва барномаи фаъолияти имрӯза ва минбаъдаи аҳли маориф ва илми кишвар, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид ёфтааст. Сарвари давлатамон дар давоми Паёми худ вазифаҳои соҳаи маорифро аниқтару муайянтар сохта, мегӯянд: «Бояд гуфт, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад: якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар». Мантиқан биандешем, ҳалли масъалаи дуюм марбут аст ба проблемаи якум. Барои ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат боз таъкид мекунанд: «Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем». Касбият ё пешаи омӯзгор дар ҳаматарафа донистани асосҳои назарӣ ва амалии касб, яъне фанне, ки дарс медиҳем, усул, тарз ва технологияи таълиму тарбия, масъалаҳои умумии педагогика ва психология ифода ёфта, бо он дӯст доштани шогирдону Ватан зам мегардад. Агар мо донем, ки омӯзгор асосҳои назарии касби худро дар коллеҷ, донишгоҳ ва донишкадаҳои омӯзгорӣ меомӯзад, дар донишкада такмили ихтисосу марказҳои таълимию методӣ такмил медиҳад, пас мазмун ва сифати кори ин муассисаҳоро бояд омӯхт ва муайян намуд, ки ба чӣ эҳтиёҷ доранд: ба кадрҳои илмию педагогӣ, ба китобу дигар маводи таълимӣ, ба воситаҳои техникӣ, ба омӯхтани таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва ғайра. Донистани самти эҳтиёҷ ҳам барои маъмурияти муассиса, ҳам барои Вазорати маориф ва илм ва ҳам барои илми педагогика зарур ва муҳим аст. Махсусан, педагогика, ки илми фарогир аст, бобати иртиқои касбияти омӯзгор ва самаранок истифода бурдани ин касбият нақши муҳим мебозад. Педагогика ҳамчун илм дар мактаби олии касбӣ муаллими ояндаро бо фаъолиятҳои гуногун – таълим, тарбия ва рушд омода намуда, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сифати таълим, аз ҷумла, сифати дарс эътибор медиҳад. Барои чӣ? Барои он ки қатъи назар аз мавҷудияти шаклҳои гуногуни машғулият дарс, чи дар мактаб ва чи дар коллеҷу донишгоҳ, мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Дарс моҳияте дорад, аз як сӯ, дар сифати дониши донишандӯзон ифода меёбад, аз сӯи дигар, сифати таҳсилу таҳсилотро муайян мекунад. Барои ин дарс дар навбати аввал бояд ба се дархост посух бидиҳад.

Якум. Дарс бояд дар доираи барномаи таълим, яъне стандарти таълимӣ дониш диҳад, маҳорату малака ҳосил кунад. Ба ин маънӣ, натиҷаи сифати дарс ба сифати дониши мактабиён таъсир мерасонад, ки он дар миқдор нест, балки дар маҳорату малака, дар амал аст. Агар дониш тавассути маҳорату малака амал накунад, дар фаъолият дар зиндагии рӯзмарра «занбӯрест бе асал», вай на қадр дорад на қурб.

Дуюм. Дарс дар доираи имконияти худ ба тарбияи насл мусоидат намояд.

Имрӯз таърих ба рӯйи халқи мо хандидааст. Тоҷикистон соҳиби давлати миллӣ гардида, истиқлолият ва мустақилият ба даст овардааст. Фаҳмондани моҳияти давлати миллӣ, истиқлол ва мустақилият, тарбияи ҳифз ва ободии Ватан, маниш, тафаккур ва андешаи миллӣ, худогоҳӣ, ҳувият, ваҳдат ва ифтихори миллӣ, сулҳпазирӣ, муросою ҳамдигарфаҳмӣ, дар ҳаёти шахсӣ ва ҷомеа ҷой ва мавқеи фаъолро ишғол кардан, яъне инсони иҷтимоъ шудан вазифаи ҳар як дарсу ҳар як фан аст.

Сеюм. Дарс вазифадор аст, ки ба рушду инкишофи мактабиён мусоидат намояд. Шогирдони мо як умр паси мизу курсиҳои мактаб намешинанд. Онҳо болу пар мебароранд, парончак мешаванд.

Дар ин самт дарсро лозим меояд, ки корҳои зеринро анҷом диҳад:

- рушди мустақилияти талабаҳо ва донишҷӯён яъне озодона ва мустақилона амал намудан, таҳлилу таркиб кардан, хулоса баровардан, баён намудан;

- рушди тафаккури таҳлилию миллӣ ва интиқодӣ;

- рушди хирад ва зеҳни мунаввар, зеҳне, ки дар ҳама маврид, хусусан, мавриди зарурӣ баҳри илоҷи кор, наҷоти инсон ба ёрии соҳибаш бишитобад, роҳи рост ва дурустро нишон диҳад, не роҳи осон, муфт ва ройгонро;

- зимни рушди фикр инкишофи нутқи шифоҳию таҳрирӣ, одоби гуфтор, маданияти нутқ, забони беолоиши адабию умумихалқӣ;

- иродаи матин, на сусту заиф;

- хотираи устувор, нияти соф, дили пок;

- дар мавриди зарурӣ ба эҳсосот дода нашудан, худро идора ва назорат кардан, шикастанафс будан ва ғайра.

Омӯзгор ҳамин вазифаҳоро шоҳбайт (эпиграф) қарор дода, баҳри амалӣ шудани онҳо дар синф ҳамчун актёр нақш мебозад. Агар ӯ ҳамин тавр муносибат кунад, раванди дарс фаъол мегардад. Вале агар назди миз ё тахтаи синфро иҷора гирад, дарс фаъолиятнокии худро аз даст медиҳад, бачаҳо ба корҳои беҳуда машғул мешаванд.

Ба ин маънӣ, фаъол гардонидани раванди дарс, пеш аз ҳама, ба худи шахси муаллим ва маҳорати касбии ӯ вобаста аст. Маҳз ӯст, ки зимни истифодаи ҳар гуна усул (шифоҳӣ, амалӣ, намоишӣ, проблемавӣ…) ва воситаю мавод шогирдонашро дар раванди дарс фаъол мегардонад. Аз ин ҷост, ки мегӯем: «Меъмори дарс омӯзгор аст», вале ин чунин маъно надорад, ки дарс кори худсаронаи ҳар яки мо бошад. Аз оғоз то анҷом дар дарс супориши ҷомеа, супориши давлат, супориши падару модарон нуҳуфта аст. Ин супориш дар тақдири имрӯза ва ояндаи насли наврас ифода меёбад, ки бо тақдири худи мо робитаи ногусастанӣ дорад, балки тақдири мову тақдири шогирдони мо як аст.

Бори дигар таъкид менамоем: ҳар гоҳ омӯзгор ба дарси минбаъдааш омодагӣ мегирад, ду омилро ба назар бигирад: якум, фикру андеша карданро биомӯзонад, дуюм мустақилона амал намуданро, ки дар зиндагӣ ҳамчун болу пар хизмат хоҳад кард:

Дар ҷаҳон болу пари хеш

кушудан омӯз,

Ки паридан натавон бо пару

боли дигарон.

                                                                                

Муҳаммад Лутфуллозода,

академики АТТ       


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш