Нашрияи Омӯзгор

Зи омӯзиш бигардад дониш афзун

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 738        Шарҳ: 0

Дар  Паёми навбатии (26.12.2018) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки «мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизмати шоиста кардаанд, идома медиҳем».

Дарвоқеъ, сол аз сол обрӯю нуфуз ва мавқеи омӯзгор дар ҷомеа баланд ва маблағгузорӣ ба соҳаи маориф зиёд мегардад. Дар баробари ин, мо – омӯзгорон муваззафем, ки дар иҷрои вазифаи пурмасъулияти худ - таълиму тарбияи насли наврас кӯшишу талоши бештар намоем. Дигар масъалае, ки Пешвои миллат дар Паём аз он изҳори нигаронӣ карданд, инҳо мебошанд: якум, сафи мутахассисони варзидаи омӯзгорӣ нокомил аст, дуюм, сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар беҳбуд мехоҳад.

Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз тамоми шароит барои баланд бардоштани савияи касбияти омӯзгор мавҷуд аст ва танҳо аз ӯ омӯзиши пайваста лозим аст. Худомӯзӣ ба омӯзгор имкон медиҳад, ки донишҳои нави педагогиву таълимиро азхуд намояд ва дар раванди дарс ба хонандагон онҳоро омӯзонад. Баланд гардидани сифати таълим аз донишу ҷаҳонбинии омӯзгор вобаста аст.  Ҳамон вақт сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ баланд мегардад, ки омӯзгор дониш ва ҷаҳонбиниии васеъ дошта бошад, аз техникаву технологияи муосир самаранок истифода намояд, иттилооти фаровон дошта бошад ва ба китобҳои дарсӣ маҳдуд нагардида, аз дигар воситаҳои таълимӣ ҳадафмандона истифода кунад.

Бояд гуфт, ки зинаи аввали таҳсил заминаи асосии шавқманд гардонидани хонандагон ба омӯзишу таълим рӯй овардани онҳо мебошад. Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бояд аз шеваю усулҳое истифода кунанд, ки аз хурдӣ шавқи хонандагонро ба омӯзиш зиёд намоянд. Барои ҳавасманд гардонидани ва бедор намудани шавқи хонандагон  муносибати босалоҳият ба таълим заминагузор хоҳад буд. Ҷорӣ гардидани ин муносибат хонандаро дар меҳвари дарс қарор дод, вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки омӯзгор таъсиргузор нахоҳад буд, балки масъулияту вазифаи омӯзгор зиёд гардид. Таҷриба нишон дод, ки дар муносибати босалоҳият ба таълим ҳама хонандагон фаъол мегарданд ва имкон фароҳам омад, ки ҳар як хонанда новобаста ба сатҳи донишаш ба мавзӯи пешниҳодгардида, андешаҳояшро пешниҳод намояд. Ин аз як ҷиҳат ӯро водор менамояд, ки  вазифаи супурдаи омӯзгорро иҷро намояд, аз тарафи дигар, нутқи шифоҳии ӯ пайваста инкишоф меёбад. Дар Паём таъкид гардид, ки агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Мо - омӯзгоронро мебояд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нуктаҳои Паём пайваста талош намоем.

 

Бадалбибӣ Самадова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №24-и ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш