Ифтитоҳи ду мактаби нав дар Ховалинг
Давоми се соли минбаъда зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг вусъат дода шавад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2018 зимни суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоати кишвар баён доштанд.
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг сохтмони 330 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар 113- тои онҳо корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Як қисми ин иншоот барои соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳанг пешбинӣ шудаанд.
Дар Паёми навбатии хеш (26 декабри соли 2018) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Бо дастгирӣ аз ин иқдом соҳибкори ватанӣ дар деҳаи Хоракдараи Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг як муассисаи таълимиро бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта ба истифода дод.
Муассисаи мазкур аз 10 синфхона, синфхонаи компютерии муҷаҳҳаз бо 11 адад компютер, як тахтаи электронӣ, хонаи муаллимон ва утоқи директор иборат мебошад. Гуфта мешавад, ки минбаъд дар ин муассиса дар ду баст 480 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешаванд. Дар ин ҷамоати дурдас-ти кӯҳистон омӯзгорону мактаббачагон аз норасоии ҷои нишаст ва куҳнаю фарсуда будани биноҳо мушкилӣ мекашиданд. Таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф, дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаб гардиданд, ки давоми панҷ соли охир мушкилоти ҷойдошта зина ба зина ҳал гарданд. Чанде пеш дар ин ноҳия ду муассисаи нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Иншооти дигар бинои муассисаи деҳаи Питов - 2 мебошад, ки аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд бунёд гардидааст. Бинои муассиса аз 8 синфхона, хонаи муаллимон, утоқи директор, китобхона ва синфхонаи компютерӣ иборат мебошад. Муассиса барои 200 нафар пешбинӣ шуда, дар ду баст 400 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Роштқалъа:
Бунёдкорӣ вусъат меёбад
Симои марказ ва деҳоти ноҳияи Роштқалъа давоми чанд соли охир комилан тағйир ёфтааст. Танҳо ҳаминро хотиррасон кардан басанда аст, ки то соли 2004 буҷаи ноҳия ҳамагӣ 1,7 миллион сомонӣ маблағ дошт, соли 2018 он ба 22 миллиону 800 ҳазор сомонӣ расид.
Мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Вафо Ниёзмамадов гуфт, ки «тайи 13 соли охир бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои иқтисодӣ дар ҳудуди ноҳия 300 иншоот ба маблағи 450 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Ба инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2016- 2020», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, боз як такони дигар бахшид. Дар доираи барномаи мазкур, ки аз 128 банд иборат аст, сохтмон, таъмиру навсозии зиёда аз 100 иншоот дар назар гирифта шудааст. Барои дар амал татбиқ кардани лоиҳаи мазкур Ҳукумати ҷумҳурӣ 237 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст».
Инчунин, ба мақсади ҷалби сайёҳон чандин хати нави сайёҳӣ кушода шуданд. Аммо барои ба сатҳи байналмиллӣ расондани тамоми хизматрасониҳои маишӣ, фарҳангию ҳунарӣ як сол басанда нест. Пешвои миллат дар муроҷиат ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бори дигар таъкид карданд, ки ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ масъулияти бештар зоҳир карда, бо ҷойи корӣ таъмин кардан ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани мардумро низ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ шуморанд
Дар баробари дигар ноҳияҳои вилоят, ноҳияи Роштқалъа низ аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст. Барои истихроҷ ва ба кор андохтани ин сарватҳои табиӣ, пеш аз ҳама, неруи кофии барқ зарур аст. Баъди ба кор андохтани агрегати аввал ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» имконияти бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ дар мамлакат, аз ҷумла, ноҳияи Роштқалъа фароҳам меояд.
Ногуфта намонад, ки дар худи ноҳия сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» оғоз ёфт. Санги асоси онро соли 2015 бевосита Пешвои миллат гузошта буданд. То имрӯз дар ин неругоҳ ба маблағи 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом дода шудаанд.
Рӯшон:
70 иншоот сохта мешавад
Дар ноҳияи Рӯшон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо харҷи 526 ҳазор сомонӣ ба деҳаҳои Хӯҷаобод-Ёз ва Пастхуф хати оби нӯшокӣ кашида шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, ба муносибати ин ҷашни фархунда дар ноҳия эъмори беш аз 70 иншоот, аз ҷумла, шуъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон - “Амонатбонк” ва маориф, биноҳои суд, хонаи фарҳанг, муассисаҳои таълимӣ, коргоҳҳои коркарди ширу тут, дуконҳои дӯзандагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, фермаҳои парандапарварӣ, маркази логистикӣ, пули мошингард, толору майдончаҳои варзишӣ, марказҳои хизматрасонӣ, меҳмонхона, инчунин, навсозии роҳи маркази ноҳия ба нақша гирифта шудааст.
Таҳияи Н. Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр