Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 14 муассисаи томактабӣ мавҷуд буда, дар миёни онҳо кӯдакистони №1 - «Зангӯла» фаъолияти назаррас дорад. Муассиса айни замон 140 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст.
Мудири кӯдакистон Муаззама Ниёзова иброз дошт, ки дар 8 гурӯҳ 8 мураббияи соҳибмаълумоту ихтисосманд машғули таълиму тарбияи кӯдакон мебошанд. Мураббияи ботаҷрибаи муассиса Сурайё Баротова дар озмуни вилоятии «Мураббии сол» иштирок намуда, сазовори ҷои 3-юм гардид. Машғулиятҳои инкишофи нутқ, математика, адабиёти бадеӣ, мусиқӣ, варзиш ва хештаншиносӣ бо аёният ва бозиҳои гуногуну шавқовари дидактикӣ гузаронида мешаванд. Дар байни гурӯҳҳо зуд-зуд озмунҳои шеърхонӣ ва расмкашӣ баргузор мегарданд. Ба наздикӣ дар ноҳия озмуни «Ман медонам, ту ҳам медонӣ?» гузаронида шуд, ки дар ҷамъбасти он кӯдакистони №1 сазовори ҷои аввал гардид.
Мудири муассиса афзуд, ки имрӯзҳо таъмири асосии 8 ҳуҷра идома дорад. Тибқи нақша рӯзҳои наздик таъмир бояд анҷом пазирад. Дар ин сурат мо имкон пайдо мекунем, ки боз 40 кӯдакро ба таълиму тарбия ҷалб намоем. Инчунин, як ҳавзи калону зебо барои оббозии кӯдакон (дар фасли тобистон) ба истифода дода мешавад.
Аъзам Бобоев,
рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр