Нашрияи Омӯзгор

Омодагии хуб кафолати пирӯзист

Сана: 2019-01-18        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Ҳамасола бо мақсади дарёфти мураббиҳои пешқадам, навовар ва эҷодкор дар кишварамон озмуни «Мураббии сол» (ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ) гузаронида мешавад. Рӯзҳои 10-12 январи соли ҷорӣ даври ҷумҳуриявии ин озмуни бонуфуз баргузор гардид, ки расми ифтитоҳи он дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ сурат гирифт. Муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ ҳозиринро бо ҳайати Кумитаи тадорукот ва ҳакамон шинос намуда, изҳор дошт:

- Боиси ифтихор аст, ки теъдоди зиёди ҷавонони кишвар ба соҳаи таълиму тарбия, хусусан, таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва сафи омӯзгорону мураббиёни ҷавон рӯз ба рӯз меафзояд. Хушбахтона, дар озмуни имрӯза низ довталабоне, ки аз гӯшаву канори мамлакат ҷиҳати иштирок дар озмуни «Мураббии сол-2018» ҷамъ омадаанд, ҳама мутахассисони ҷавон мебошанд.

Сипас, раиси ҳайати доварон, декани факултаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Манзура Мададзода довталабонро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, шартҳои озмунро барояшон тавзеҳ бахшид.

Дар бахши муаррифии фаъолияти педагогӣ, ки дар доираи 20 дақиқа сурат гирифт, довталабон корҳои эҷодии худро дар шакли нақшаи корӣ, намунаи машғулияти кушод, дастуру маводи методӣ, наворҳои видеоӣ, мақолаҳои чопшуда дар матбуоти даврӣ, воситаҳои аёнӣ … пешниҳод намуданд. Аз рӯйи таҳлилҳои ҳайати ҳакамон дар иҷрои ин шарт мураббии муассисаи томактабии №27-и шаҳри Хуҷанд (вилояти Суғд) Ҳанифа Валиева, мураббии муассисаи томактабии №20-и шаҳри Бохтар (вилояти Хатлон) Марҷона Ғуломова, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №3-и шаҳри Турсунзода Рӯзимоҳи Шарифзод бештар муваффақ буданд. Аз ҷумла, Ҳанифа Валиева таъкид намуд, ки дар машғулиятҳо барои бачаҳо маҳфилҳои гуногун мегузаронад, ба кӯдакон сохтани аёниятҳои гуногунро меомӯзонад, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ёд медиҳад. Ҷиҳати солимии рӯҳу тани таълимгирандагон пайваста бо маркази солимгардонии №4-и шаҳри Хуҷанд ҳамкорӣ менамоянд. Якҷоя бо табибони ин марказ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим дастуру мақолаҳои гуногунро чоп кардаанд. Марҷона Ғуломова гуфт, ки машғулиятҳои хешро ҳамарӯза бо машқи пагоҳирӯзӣ оғоз менамояд. Барои баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии кӯдакон дар машғулиятҳо ба онҳо гулмонӣ, расмкашӣ, суробсозиро ёд медиҳад. Рӯзимоҳ Шарифзод дар муаррифии хеш аз ақидаҳои донишманди соҳаи педагогика Каменский ва принсипҳои тарбия ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хуб ба роҳ мондааст. Назарбахш Алидодова, мураббии кӯдакистони №67-и ноҳияи Шоҳмансур (шаҳри Душанбе) бахши муаррифии худро бе навори видеоӣ шурӯъ кард. Мавсуф гуфт, ки  собиқаи кории сесола дошта, дар машғулиятҳои хеш аз усулҳои фаъоли таълим фаровон истифода мебарад. Довталаб аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҳаётбегим Шогунова, мураббии кӯдакистони №5-и шаҳри Хоруғ тайи 30 сол аст, ки ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. Ба кӯдакон меҳри беандоза дорад ва таълимгирандагонашро вобаста ба талаботи замони муосир таълим медиҳад.

Шарти баъдӣ аз довталабон дониш ва маҳорати баландро тақозо мекард, зеро дар ин бахш онҳо бояд ба 5 савол дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф, таҳсилоти томактабӣ ва барномаҳои таълимию тарбиявӣ ҷавоби дуруст медоданд. Дар иҷрои ин шарт Ҳанифа Валиева, Марҷона Ғуломова ва Назарбахш Алидодова пешсаф буданд.

Чунонки узви ҳайати доварон Шарифа Котибова мудири шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти ибтидоии ПРМ ба номи А. Ҷомӣ иброз дошт, дар ташкили яке аз шартҳои дигари озмун-мизи мудаввар навоварӣ дида шуд, аммо дар раванди баргузории он боз ҳам камбудиҳо ба чашм расиданд. Масалан, Рӯзимоҳ Шарифзод дар ташкили он ҳамчун ровӣ аз мавзӯи пешниҳодшуда каме канор монд.  Назарбахш Алидодова бояд ба иштирокдорон бештар савол медод, Марҷона Ғуломова ҳангоме ки яке аз иштирокдорон аз мавзӯъ дур рафт, риштаи суханро бояд ба даст мегирифт.

Шарти аз ҳама муҳими озмуни «Мураббии сол» гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ мебошад, ки дар раванди он довталаб бо истифода аз усулҳои нав ба кӯдакон донишҳои нав дода, сатҳи касбият ва маҳоратҳои педагогии худро нишон медиҳад. Машғулиятҳо тибқи қоидаи маъмул тариқи қуръапартоӣ дар гурӯҳҳои синнусолӣ баргузор шуданд.

Марҷона Ғуломова маш-ғулияти «Инкишофи нутқ»-ро дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб дар мавзӯи «Об манбаи ҳаёт»  баргузор кард. Довталаб дар оғози машғулият бо бачаҳо бозии «Калимаҳои муқобилмаъно»-ро бо тӯб гузаронид. Нутқи мураббӣ хуб буд, бисёр равону сода ҳарф зада, меъёрҳои забони адабиро риоя намуд. Ҳамчунин, аз технологияи иттилоотӣ васеъ истифода шуд. М. Ғуломова ба кӯдакон дар бораи аз ҷӯйи ифлос об нанӯшидан, зарурияти об ба тамоми мавҷудоти рӯи замин, обро тоза нигоҳ доштан ва ғайра маълумоти зиёд дод, аммо ба инкишофи нутқи бачаҳо кам таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Машғулияти Рӯзимоҳи Шарифзод-«Шиносоӣ бо муҳити зист» дар гурӯҳи калон зери унвони «Ҳайвонҳои ваҳшӣ ва хонагӣ» гузашт. Мураббӣ онро бо бозии «Сабзавот ва меваҳо» оғоз намуда, доир ба мавзӯъ саволу ҷавоб ташкил кард ва дар бораи ҳайвонҳо чистонҳо гуфт. Аз бачаҳо пурсид, ки ба боғи ҳайвонот рафтаед? Мураббӣ калимаи «медвед»-ро ба тоҷикӣ тарҷума намуда, ҳамчунин, бо бачаҳо ба овози ҳайвонҳои гуногун тақлид намуданд. Машғулияташ хуб ҷамъбаст гардид, аммо дар рафти он мураббӣ дар бораи пашми гӯсфанд маълумоти кам дод.

Назарбахш Алидодова машғулияти хеш-«Хештаншиносӣ»-ро дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб дар мавзӯи «Шаҳри Душанбе» бо шеърхонии бачаҳо ҳусни оғоз бахшид. Сипас, кӯдакон барои ба сайри Душанбе баромадан ба нақлиёти мусофирбар чипта гирифта, (гӯё) ба роҳ баромаданд. Мураббӣ тавонист бачаҳоро ба худ ҷалб кунад, бо онҳо саволу ҷавоб мекард ва ҳангоме ки бачаҳо вожаҳоро хато талаффуз мекарданд, онҳоро ислоҳ мекард.

Машғулияти Ҳанифа Валиева бо воридшавии кӯдакон ба олами зебои афсонавӣ оғоз ёфт. Он дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб зери унвони «Тасаввуроти одитарини математикӣ» гузаронида шуд. Ба бачаҳо машғулияти гузашта ёдоварӣ гардид ва садои зоғ шунавонида шуд. Довталаб ба воситаи болиштчаҳои қуроқдӯзӣ оид ба нақшу нигори миллӣ ва шаклҳои геометрӣ маълумот дод...

Дар машғулияти «Инкишофи нутқ»-и Ҳаётбегим Шогунова рақси кӯдакон бисёр ҷолиб буд, ки дар гурӯҳи калон, дар мавзӯи «Обро дар куҷо дидаед?» гузаронида шуд. Мураббӣ худро ба кӯдакон шиносонид, сипас якҷоя бо бачаҳо дар бораи Душанбе шеър қироат карданд.

Раиси ҳайати ҳакамон Манзура Мадатзода қайд кард, ки баргузории машғулиятҳо собит намуд, ки довталабон ба озмун омодагии хуб дидаанд, аммо якчанд камбудӣ низ ба чашм расид, ки умедворам иштирокдорон баҳри рафъи онҳо дар оянда талош хоҳанд кард.

Довталабони озмуни «Мураббии сол-2018» дар дигар шартҳо: таҳлили ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ ва тасвир намудану сохтани манзара байни ҳам сабқат намуда, маҳорату лаёқати эҷодии хешро нишон доданд.

Узви ҳайати ҳакамон Шамсия Ҷаъфарова, мудири кӯдакистони назди мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, иброз дошт, ки дар ҷараёни баргузории озмун ҳар як довталаб мекӯшид, ки шартҳоро дуруст иҷро намуда, маҳорату усулҳои кории худро дар ин самт нишон диҳад, аммо дар ҷамъбасти озмун маълум гардид, ки на ҳамаи довталабон бо тайёрии хуб омадаанд. Аксари мураббиён санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф, таҳсилоти томактабӣ ва барномаҳои таълимию тарбиявиро хуб намедонистанд…

Қобили қайд аст, ки бахши аъзами шартҳои озмун дар кӯдакистони №18-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузашт. Дар ин муассиса тамоми шароит ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмуни «Мураббии сол-2018» муҳайё гардида буд.

Дар ҷамъбасти озмун, ки  дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, муовини вазири маориф ва илми кишвар Латофат Назирӣ эълон дошт, ки мураббии кӯдакистони №27-и шаҳри Хуҷанд Ҳанифа Валиева бо иҷрои муваффақонаи ҳамаи шартҳо ғолиби озмуни «Мураббии сол-2018» дониста шуд. Ба ҳамаи иштирокдорони озмун нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дипломи дараҷаи 1 (ба ғолиби озмун), мукофоти пулии Кумитаи иттифоқҳои касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ ва роҳхат ба осоишгоҳ супурда шуд.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш