Ҳикматест воқеиятбунёд ва машҳур, ки «То накунӣ ҷои қадам устувор, Пой манеҳ дар талаби ҳеҷ кор». Воқеан ҳам, гараву омили асосӣ барои комёбӣ дар ҳар кор, пеш аз ҳама, омодагии комил мебошад.
Омӯзгор ҳам ба машғулиятҳои ҳамарӯзаи худ бо шогирдон мунтазам омодагӣ мегирад ва бо ин ҳадаф корҳои зиёдеро сомон мебахшад. Таълиму тарбия раванди хеле фарогиру печида аст ва аз ин рӯ, омодагии бештарро тақозо дорад. Шамъи хонаи омӯзгор ҳама шаб то дер фурӯзон мемонад, то машъали донишу маърифаьти шогирдон ҳар чӣ бештар фурӯзон бошад. Аксаран омӯзгорони варзида ҳар лаҳзаи дарсҳои навбатии худро амиқу дақиқ меандешанду ба нақша мегиранд, то ҳадафҳояшон пурра амалӣ бигарданд. Омӯзгорони воқеӣ ва ғамхору дилсӯзи насли наврас бидуни омодагии комил ба дарс, ба мактаб ҳозир шуданро барои худ ҷиноят медонанд.
Баргузидаи намуди дарс, муқаррар кардани лаҳзаҳои он, мустаҳ-камкунӣ, супоришҳои махсус, саволгузориҳо, супоридани вазифаи хонагӣ, баёни ҷолибу ҷозиби мавзӯъ, баҳогузории асосманд, - аз он ҷанбаҳои дарс мебошанд, ки омӯзгор перомуни онҳо пешакӣ ба андеша меравад, ҳадафҳояшро муқаррар месозад. Нақшаи фаъолияти омӯзгор дар дарсҳояш бо номи план-конспект маълум аст. Ин ҳамчун нақшаи мухтасари дарс пазируфта мешавад ва яке аз ҳуҷҷатҳои асосии расмии фаъолияти омӯзгор маҳсуб меёбаду мунтазам аз ҷониби роҳбарияти мактаб мавриди дархосту санҷишу тасдиқ қарор мегирад. Албатта, нақшаи мухтасари дарс то ҷое ҳуҷҷати шартӣ мебошад, зеро дар ҷараёни дарсҳо вобаста ба вазъи бамиёномада омӯзгорро зарур меояд, ки аз ин нақша берун рафта, амалҳои дигари банақшанагирифтаро (чун такрори илова, шарҳи бештари мавзӯъ, нақли ҳодисаи муассире, таваҷҷуҳи бештар ба ҷанбаи тарбиявии машғулият, кори нисбатан тулонӣ бо сустхонҳо… ) иҷро намоянд. Аз ин ҷост, ки дарсро амали эҷодкоронаи омӯзгор, ҳар дарсро як асари хуб меноманд.
Барои омодагӣ ба дарс омӯзгор илова ба китоби дарсӣ чандин китоби дигарро варақгардон мекунад, аёният таҳия менамояд, ёддошт менависад ва баъзан бо ҳамкорон, педагогҳову психологҳо маслиҳатҳо меорояд. Дарсҳои омӯзгорони варзидаву соҳибтаҷриба ба ҳамдигар пайванди қавӣ доранд ва якдигарро комил месозанду тавзеҳ мебахшанд. Ҳар дарси хуби омӯзгор барои дар дарси дигараш инкишоф бахшидани ҳадафу комёбиҳояш замина мегузорад. Яъне омӯзгорро шиор ҳамеша чунин бояд бошад:
Қонеъ машавӣ, ба ҳар чӣ
ёбӣ,
Аз хуб ба хубтар
шитобӣ.
Роҳила Хайлоева,
Тағойгул Ҳалимова,
омӯзгорони литсейи инноватсионии «Душанбе»
Орзуҳои Аҳмади Дониш амалӣ гаштанд
Аҳмади Дониш асари маъруфи худ-“Наводир-ул-вақоеъ”-ро дар давоми 15-сол навиштааст. Камбудиҳо, нобаробарии иҷтимоӣ, қафомондагии ҳаёти фарҳангӣ, тарзи шахшудаи таълим дар мактабу мадрасаҳо ва беадолатиҳои ҷамъияти феодалии шаҳри Бухоро дар ин рисола ошкоро танқид гардидааст. “Наводир-ул-вақоеъ” дар бедории шуури мардуми тоҷик, хусусан, зиёиён нақши муҳим бозидааст.
Аҳмади Дониш бо таълифи асарҳои гаронбаҳояш барои ба вуҷуд омадани ҷараёни нав-маорифпарварӣ замина гузоштааст. Аксар олимон ӯро асосгузори ҷараёни маорифпарварӣ на танҳо дар ҳудуди Бухоро, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ медонанд. Аҳмади Дониш яке аз донишмандони барҷаста ва аҳли илму фазли замони худ ба шумор мерафт. Ӯ пешрафти иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии сарзаминашро мехост ва орзу мекард, ки мулкаш обод, мардумаш донишманд, закӣ ва хушбахт бошанд.
Ба мақсади амали шудани орзуҳои Аҳмади Дониш октябри соли 1908 бо ташаббуси Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонов (Мунзим) ва Садриддин Айнӣ дар гузари дарвозаи Салоҳхони шаҳри Бухоро, дар ҳавлии худи Мунзим барои бухороиён аввалин мактаби усули нав кушода шуд, ки 12 хонанда дошт. Ин мактаб дар таърих бо номи “Мактаби Мунзим” машҳур аст. Обрӯ ва нуфузи мактаб рӯз ба рӯз баланд мешуд, вале бо туҳмату буҳтон ва иғвоҳои бадхоҳон ин мактаб 25-уми сентябри соли 1909 аз тарафи ҳукумати амирӣ баста шуд.
Пас аз Инқилоби Октябр халқу миллатҳои гуногуни Осиёи Марказӣ дар ҳайати давлати бузурги ИҶШС (СССР) дар “мактабҳои нав” таълим мегирифтанд. Дар ҶШС Тоҷикистон мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ, миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ, мактаб-интернатҳо, мактабҳои олӣ амал карда, кӯдакону наврасон ва ҷавононро мутобиқ ба сиёсати замони Шӯравӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта буданд.
Орзуҳои Аҳмади Дониш дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ ва татбиқ гардиданд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҷиҳати рушду пешрафти соҳаи маориф аз ҳарвақта дида, бештар таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти илму маорифро дар пешрафти ҷамъият ва хоҷагии халқ пайваста дар суханрониҳояшон таъкид намуда, рушду ишкишофи ҳама соҳаҳоро бо соҳаи маориф ва илм алоқаманд медонанд.
Латифамоҳ Ёрмадова,
омӯзгори таърихи мактаби №34-и шаҳри Кӯлоб,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр