Дар машғулияти таълимӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик дар синфи 10 мавзӯи «Муборизаи синфӣ дар солҳои 30-юми асри ХХ» бо фарогирии масоили мураккаб ва муқовимату зиддиятҳои душманони сохти нави давлатдорӣ мавқеи муҳим дорад. Ҳукумати Шӯравӣ баҳри решакан намудани унсурҳои манфиатхоҳ, ки бо ҳар роҳ мехостанд ба пешравию тараққии мамлакат халал расонанд ва аз дохил ба неруҳои созандаи ҷомеаи навин зарбаҳои ҳалокатбор ворид кунанд, муборизаҳои беамон мебурд. Дастаҳои босмачиён нияти аз кишвари Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанро доштанд. 30-юми марти соли 1931 гумоштаи империализми байналмилалӣ-Иброҳимбек дар ҳудуди ноҳияи Фархор аз Афғонистон ба марзи Тоҷикистон зада даромад. Ба муборизаи зидди Иброҳимбек дар қатори Артиши Сурх дастаҳои ихтиёрии зиёде ҳамроҳ шуданд. Фармондеҳони ин дастаҳои ихтиёрӣ Абдулло Ёрмуҳаммадов, Ғиёс Тағоймуродов, Ҷӯрақул Темуров, Муллошариф Раҳимов, Муқим Султонов ва Юлдош Соҳибназаров, ки таҷрибаи калони ҷангӣ доштанд, дар ин мубориза қобилияти ҷангии худро нишон доданд. Ба Иброҳимбек 19-уми апрел дар наздикии ноҳияи Ёвон ва моҳи май дар қаторкӯҳҳои Боботоғ зарба зада шуд. Дар барҳам додани дастаи Иброҳимбек 439 дастаи «Калтакдорони сурх» ки шумораи умумии онҳо то ба 4000 нафар мерасид, иштирок доштанд. Аэропланҳо дар кофтану назорат кардани самтҳои ҳаракати дастаҳои Иброҳимбек васеъ истифода бурда шуданд. Охирин шикасти Иброҳимбек моҳи июни соли 1931 дар Бойсун ба вуқӯъ пайваст. Иброҳимбек пурра шикаст хӯрда, роҳи гурезро пеш гирифт, вале 23-юми июни соли 1931, ҳангоми аз дарёи Кофарниҳон дар деҳаи Хоҷабулбулон гузаштанаш дастгир гардид. Солҳои 1931-1932 ошӯбҳои зиддишӯравӣ дар нуқтаҳои гуногуни Тоҷикистон ба вуқӯъ омад. Аҳолии осоишта дар ҳама ҷо босмачиёнро бо калтаку санг пешвоз мегирифтанд. Ташаббускори дастаҳои калтакдорони сурх роҳбарони ҳизбию комсомолӣ, муаллимҳо, коркунони комиссариатҳои ҳарбӣ, мудирони шуъбаҳои маориф, молия, раисони ҷамоатҳои деҳот буданд. Ба шогирдонам тавзеҳ медиҳам, ки мутаасифона, имрӯзҳо намояндагони ҳизби мамнуъшудаи исломӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ бурданд, бо ҳар роҳу восита аз ҳаракати босмачигарӣ пуштибонӣ ба амал оварда, кирдорҳои хиёнаткораашонро ҳақ бароварданӣ мешаванд, ки ин иштибоҳи нангин дар назди таърих мебошад.
Рухсора УСМОНОВА,
омӯзгори таърих
Иловакунӣ
Иловакунии фикр