Нашрияи Омӯзгор

Фарзандони номвари халқи тоҷик

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Мактаб ба маънои пуррааш боргоҳи маърифат ва коргоҳи инсонсозӣ аст. Маҳз дар ин маърифатгоҳ ояндасозони Ватан тарбия карда мешаванд. Бо саъю кӯшиши  омӯзгорон нури дониш  дар дили шогирдон маъво мегирад.

Зиёиёни мо дар давоми соҳибистиқлолии кишвар дар тарғиби сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳиссаи арзанда гузоштанд. Баргузор шудани ҷашнҳои умумимиллӣ  ба мисли 1100–солагии Давлати Сомониён, 2700–солагии шаҳри Кӯлоб, 2500 – солагии шаҳри  Истаравшан, 3000–солагии шаҳри Ҳисор, 1310-солагии асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Собит ибни Нуъмон Имоми Аъзам – номгӯи мухтасари он ҷашнвораҳои ибратбахшу ифтихорангез аст. Ҳамаи он рӯйдодҳои бузург дар худшинос, ватанпараст ва фидокор шудани насли наврасу ҷавони миллат ҳиссаи арзанда гузоштанд. Таърих, дар ҳақиқат, китоби омӯзанда аст. Рӯзгори фарзандони номвари халқи тоҷик ба монанди Спитамен, Деваштич, Муқаннаъ, Абӯмуслим, Синбоди Муғ, Темурмалики Хуҷандӣ, Маҳмуди Торобӣ, Мавлонозода, Яъқубхони Ҳафтрӯдӣ, Восеъ имрӯз ҳам намунаи ибрат аст. Онҳо ба хотири истиқлоли Ватан, бақои забони модарӣ ва фарҳанги миллӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Ба андешаи ман ҳамчун омӯзгор, вақти доир ба корнома ва зиндагонии ҳар як қаҳрамони халқ филмҳои мустанад ба навор гирифтан расидааст. Суратҳои ранга ва зебои онҳоро ҳам бо нусхаҳои зиёд чоп карда, мактабҳои ҷумҳуриро ба онҳо таъмин кардан ба манфиати кор аст. Гузашта аз ин, дар сатҳи ҷумҳурӣ гузаронидани чорабиниҳои махсуси фарҳангӣ ҳам бар суди хонандагон хоҳад буд. Баргузории чорабиниҳое бо номҳои «Темурмалик-ифтихори миллат», «Таърихи миллат - оини ибрати мо», «Мо пайравони ниёгони худ ҳастем» шубҳае нест, ки ҳисси ватанпарастӣ ва худшиносии шогирдони моро баланд мекунад.

Аз ҳамаи ноҳияҳо ҷамъ омадани хонандагон ва ба ин восита дӯстони нав пайдо кардани онҳо ҳам як рӯйдоди хотирмону ибратбахш дар зиндагиашон аст. Таъсири суҳбат ва баҳси ду наврас ба ҳамдигар ниҳоят муассир аст. Онҳо бо ифтихор аз бобоёни худ, муборизаҳои далеронаи онҳо ба муқобили душманон ва сабақи он рӯйдодҳо гуфтугӯ мекунанд. Табиист, ки ин муколама комилкунандаи дониш ва шахсияти онҳо хоҳад буд.

Мо бояд дар ҳама ҳолат нозиру роҳнамои ояндасозони Ватан бошем, зеро имрӯзи таърихи миллат ҳам як ҳалқаи зарурие дар байни дирӯзу фардо аст. То кадом андоза устувору мустаҳкам будани ин ҳалқа ба ҷидду ҷаҳд ва фидокории мо вобаста аст. Зеро Ватан мояи ифтихор ва решаи ҳастии мо аст.

Хуршеда  СОЛЕҲОВА,

омӯзгори таърихи литсейи инноватсионии  Донишкадаи

технологии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш