Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Таҳти мафҳуми забони модарӣ мо, пеш аз ҳама, модар, Ватан, хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги ниёгон, соҳиби давлати мустақил будани ин ё он қавму халқият, миллат ва амсоли инҳоро мефаҳмем. Ҳастии ҳар як халқу миллат ин пеш аз ҳама, забони ӯст. Халқе, ки забони модариашро аз даст медиҳад, охиста–оҳиста аз арсаи таърих нопадид мегардад. Забони форсии тоҷикӣ аз қадимтарин ва тавонотарин забонҳои дунё буда, қудрату тавоноӣ ва мақоми ин забон, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки борҳо дучори ҳамлаву тазйиқи аҷнабиён гардида, на танҳо дар муқобили ин ҳамлаву фишори онҳо истодагарӣ намуд ва аз байн нарафт, балки ҳастию ҳуввияти халқи худ ва мероси илмию адабии онро аз фишору тазйиқ ва ҳамлаҳои марговари қавмҳои бегона муҳофизат намуд.
Вақте ки арабҳо ба кишвари мо ҳуҷум карданду бо худ дини исломро оварданд, таъсиру фишори забони арабӣ ба забони точикӣ хело зиёд шуд. Мардум тадриҷан дини навро қабул мекарданд ва вобаста ба он тарзи маишати аҷдодони мо тағйир меёфт. Ба ҷои алифбоҳои қадимии паҳлавию суғдӣ хати арабӣ ҷорӣ шуд. Ба забони тоҷикӣ калимаҳои зиёди лозиму нолозими арабӣ дохил шуданд. Лекин ба ҳамаи ин фишору тазйиқҳои аҷнабиён нигоҳ накарда, забони тоҷикӣ асолати худро аз даст надод. Оҳиста–оҳиста давлатҳои миллии Тоҳириёну Саффориёну Сомониён барпо шуданд ва аз ҳамон давра истифодаи забони арабӣ маҳдуд гашта, ҷои онро забони тавонои форсӣ - дарӣ гирифт. Маҳз тавассути забон ва адабиёташ халқи тоҷик ҳастии худро муҳофизат карда тавонист.
Тавоноии забони тоҷикӣ дар он зоҳир гашт, ки ба фишорҳои сахти таърих тоб оварда тавонист. Нависандагону шоирони тоҷик, Айнӣ, Турсунзода, Лоҳутӣ, Лоиқ, Бозор Собир, Муъмин Қаноат ва дигарон мисли пешиниён чароғи забони модариро фурӯзон доштанд, бо ин забон асарҳо навиштанд ва дар эҷодиёти худ қудрату тавоноӣ ва лутфу зебоии забони тоҷикиро бо самимияти баланд васф намуданд.
Забони тоҷикӣ, офаридаи миллати тоҷик, нигаҳбони ҳастии ӯ тӯли садсолаҳо гардид ва шукри истиқлоли кишвар, ки ин забон имрӯз боз ба мавқеи аслии худ баргашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин забонро ба минбарҳои баланди дунё бароварданд, бо ифтихор бо забони ноби тоҷикӣ сухан карданд, паёми сулҳу ваҳдату шукуфоии Ватани азизи моро ба оламиён расониданд.
Ф.САМАДЗОДА,
П.БОБОМУРОДОВ,
ассистентони кафедраи система
ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти
Иловакунӣ
Иловакунии фикр