Деҳаи зебоному хушандоми Офтоблиқо шаш – ҳафт километр дуртар аз шаҳри Кӯлоб (дар сари роҳ ба ҷониби ноҳияи Муъминобод) воқеъ аст. Устод Ҳақназар Ғоиб дар ҳамин ҷо ба дунё омадаву то ба имрӯз дар канори он зиндагӣ дорад. Чун вориди деҳа гаштем, ёдам омад, ки ашъори устод аксар хуршедомехтаанд, дар эҷодиёташон муродифвожаҳои офтоб, шамс, хур, хуршед… зиёд вомехӯранд.
(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)
Шод будам, ки ғами
дил доштам
Ин қитъа аз ҳамин силсила аст:
Ба роҳи дуру бепоён
Тани танҳо равонӣ бо сари
мағрур, эй Хуршед!
Мани танҳодилатро як нафас
бо худ намегирӣ,
Ки аз дарёи тиллоии нури ту
Ба рӯи оламу одам бипошам
нур, эй Хуршед!
Таърихи Офтоблиқоро ҳас-тию фаъолияти фарзонафарзанди садоқатмандаш, устод Ҳақназар Ғоиб рангинтар кардааст. Офтоби табиӣ бо офтоби шеър даромехтааст дар ин деҳа. Бо шарофати шеъри баланду ҳиммати баланди шоири маҳбубаш шуҳрат афзудаву ба қадамҷои гурӯҳи калони фарзандони номвари кишвар табдил ёфтааст Офтоблиқо. Устод зодгоҳи хуршедиашро ба ҷон дӯст медорад, мепарастад ва мехоҳад, ки ҳар дӯсташро, ҳар меҳмонашро ин ҷо бипазираду ин ҷо бо ӯ суҳбат биорояд. Дар меҳмонхонаи устод ашхоси маъруфу маҳбуби тоҷикон Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ, Сайидалӣ Вализода, Ашӯр Сафар, Фазлиддин Муҳаммадиев, Сотим Улуғзода, Лоиқ, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Муъмин Қаноат, Кӯҳзод, Сорбон, Абдунабӣ Сатторзода, Бозор Собир, Гулрухсор, Меҳмон Бахтӣ, Камол Насрулло, Низом Қосим, Ато Ҳамдам, Юсуф Акбарзода, Раҳмат Назрӣ… базми шеъру сухан оростаанд. Дар ин меҳмонхонаи табаррук сари дастархони пурнозу неъмат бо устод суҳбати бардавому самимие оростем, ки пайнавишташ сафҳаро фарогир хоҳад буд. Инак, чанд лаҳза аз ин суҳбат.
- Устод, то ба имрӯз беш аз чиҳил китоби шумо ба нашр расида. Ва албатта, аз чопи ҳар яки онҳо шумо лаззат бурдаву илҳом афзудаед. Бо ин ҳама, гумон мекунам, чопи нахустин китобатон бароятон бештар лаззатбахш буда.
- Нашри нахусткитоби адиб барояш чун тавлиди нахустфарзандаш нишотовару гуворост. Онро рӯи даст мегирию ҳам худат мерақсию ҳам дилат. Нахусткитоби ман «Тӯшаи роҳ» ном дошт ва соли 1972 ба нашр расид. Он солҳо китоб чоп кардан саҳл коре набуд. Дастхати китоб аз назари борикбини чанд устоди сухану чанд идораи махсус гузашта, баъд иҷозати чоп мегирифт. Ифтихор аз он дорам, ки ба нахусткитобам устод Боқӣ Раҳимзода пешсухане самимӣ навиштанд. «Тӯшаи роҳ»-ро хонандагон гарм пазируфтанд, аз онҳо номаҳои зиёди таҳсиномез гирифтам. Ба шарофати ҳамин китобам ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудам. Ҳангоми расми қабул ба сафи аъзои иттифоқ ба чанд суоли устодони сухан, аз ҷумла, ба пурсишҳои устод Турсунзода посух гуфтам. Як шеър ҳам хондам, ки «Бузургон» ном дошт ва ба вижа, ба устод Турсунзода писанд омад. Ҳам барои чопи китоби аввалинам ва ҳам барои узви Иттифоқи нависандагон шуданам ба ман устод Лоиқ мадад расонд.
- Воқеан, шумо дар суҳ-батҳоятон, дар суханро-ниҳоятон аз устод Лоиқ зуд–зуд ёд меоваред, чанд шеър ҳам барои ин шоири шаҳири миллат гуфтаед. Аз чӣ сарчашма мегирад ин дарёи меҳру муҳаббат?
- Шиносоӣ ва дӯстиам бо устод Лоиқ барои ман лутфи қисмат буд. Вохӯрии аввалини мо соли 1966 ба вуқӯъ пайваст. Зуд ба ҳам дӯсту бародар шудем ва минбаъд пайваста бо ҳам иртибот, равуо доштем. Бисёр лаҳзаҳову ҳодисаҳои ширини ҳаётам бо суҳбатҳои Лоиқ, бо шеъри Лоиқ, бо ҷавонмардиву лутфу зарофати Лоиқ иртиботманданд. Лоиқ фасли баҳорро бисёр дӯст медошт ва ошиқи баҳори Кӯлоб буд. Аввали ҳар баҳор ба Кӯлоб меомад. Ман мисраи «Ба баҳори нав расидам, зи баҳор шукр гӯям»-ро ҳамчун як пора дуои шукрона барвақт ва борҳо аз забони Лоиқ шунидаам. Он баъдтар шеър шуд, як ғазали хеле олӣ. Дар ҳар ҷашни Наврӯзи Кӯлоб ҳатман иштирок мекард ва бо лаҳни хушу гуворо, самимона шеър мехонд. Ҳаким Бобоев, раиси собиқи хоҷагии кишоварзие, ки имрӯз ба номи Ҳамадонист, шахси машҳур ва адабпарвар буд. Ӯ дар як ҷашни Наврӯз Лоиқро ба меҳмонӣ хонду базми бошукӯҳе орост. Устод шеър мехонду мардум каф мекӯфтанд ва талаб мекарданд, ки боз, боз, боз шеър хонад. Ман ҳис мекардам, ки чӣ қадар мафтун мешавад шоир аз муҳаббати самимии мардуми одӣ, ки аксар кишоварз буданд. Дар поёни ҳамон базм раис Ҳаким Бобоев Лоиқро узви ифтихории хоҷагӣ эълон кард. Лоиқ чун инсони ҳақиқиву масъулиятшинос ва посдори нону намаку муҳаббати мардум, минбаъд зуд–зуд ба хоҷагии кишоварзӣ меомаду, ба қавли худаш, «аз қайд мегузашт», то «узви бемасъулияти хоҷагӣ»-аш наноманд. Вақте ки хоҷагии кишоварзии Ҳамадонӣ соҳиби қасри фарҳанг шуд, онро ба номи Лоиқ гузоштанд. Баъдтар дар ҳудуди хоҷагӣ дар доманаи кӯҳ бо ибтикори раиси хоҷагӣ Абдуҷаббор Зардиев бо номи Лоиқ боғистони зебову пуртаровате бунёд карда шуд, ки низ нишони ихлосу эҳтироми мардум ба ин шоири тавонои миллат аст.
Боре Лоиқ бо шоираи маъруф Жола Бадеъ ва писари шоира Бежан меҳмони ман шуданд. Дар меҳмонхонаи мо хеле шеъргӯӣ кардем, аз шеъру шоирӣ сухан ба миён овардем. Аз омадани Лоиқу Жола раис Ҳаким Бобоев дарак ёфта, расида омад ва моро ба меҳмонхонааш даъват кард. Дар чанд лаҳза даруну беруни меҳмонхона пуродам шуд, ҳама ташнаи шеър, ташнаи дидори шоирон буданд. Як базми табиии каломи мавзун ба вуқӯъ пайваст. Раиси хоҷагӣ аз номи мардум ба Жолабону куртаи чакан ва ба Лоиқ тоқии чакан ҳадя кард. Базми шеъри ин ду суханвари номӣ пасон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва дар ноҳияи Восеъ идома ёфт. Ёд дорам, дар Восеъ Лоиқ бештар мафтуну мамнун буд ва ончунон зебову диданӣ рақс кард, ки ман дар ҷои дигар надида будам.
Лоиқ дар Кӯлоб, ҳар ҷо ки мерафт, шабона ба хонаи мо омада хоб мекард. Ин ҷо ду ҳуҷраи махсуси худро дошт; яке дар Қасри фарҳанги хоҷагии кишоварзии Ҳамадонӣ ва дигаре дар хонаи мо. Ту ҳам, Муродии ҷон, имшаб дар ҳамин ҳуҷраи Лоиқ хоб хоҳӣ кард, рӯҳи устод шод мешавад. Охир, ту аз зодгоҳи шоир ҳастиву аз ту бӯи Зарафшон ба машом мерасад…
Аксаран бо Лоиқ фориғ аз нишасту базму суҳбатҳо соатҳои дую сеи шаб ба хонаи мо бармегаштем. Ӯ хомшӯрборо дӯст медошт. Инро аҳли хонаи мо хуб медонистанд ва ҳамеша хомшӯрбо барояш тайёр буд. Нисфи шаб Лоиқ ним коса хомшӯрбо хӯрда, лутф мекард: - Ба Худо, ними олама хӯрам ҳам, то хомшӯрбои хонаи Ҳақназарро нахӯрам, сер намешавам. Баъзан ман ба зиёд шароб нӯшидани ӯ монеъ мешудам. Дар ҷавобам мегуфт, ки «Ҳақназар, беташвиш бош, ман танҳо дар ҷои дилпур, дар муҳити дӯстони ҳақиқӣ андак зиёд менӯшам. Кӯлоб бароям ҳамин гуна ҷову муҳит аст».
Дар навиштани як силсила шеъру достонҳоям Лоиқ дастгиру илҳомбахшам шудааст. Достони «Эҳёнома»-амро дар «Садои Шарқ» (он вақт сармуҳаррираш буд) чоп кард. Барои ин асарам Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи М.Турсунзодаро дарёфт кардам. Бо тавсияи Лоиқ китобам «Суруши Хатлон» ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ пешниҳод шуд ва ман соҳибҷоиза гаштам. Ин соли 2000-ум буд. Дар базми Наврӯзи шаҳри Хуҷанд Лоиқ самимона маро ба оғӯш кашида табрик гуфт, ба ростӣ, хеле хурсанд буд аз комёбии ман. Қариб як ҳафта он ҷо будем. Баъди се моҳ… забонам намегардад. Даргузашти Лоиқ зарбаи ҷонкаҳе буд бароям. Чанд муддат ба худ омада натавонистам, чизе ҳам нанавиштам. Баъд дар борааш шеър гуфтам. Ҳамеша зикри номаш дар сари забонам аст. Росташро гӯям, ман то ба ҳол ба марги Лоиқ бовар надорам ва пайваста садояш ба гӯшам мерасад: «Ман намемирам! Ман нахоҳам мурд!»
Соли гузашта боре ба Душанбе рафтаму чун анъана зуд аз пайи ёфтани дӯстонам шудам, аммо на Абдулҳамидро ёфтаму на Гулназарро ва на дӯстони дигарамро. Чанде дар кӯчаҳои шаҳр беҳудагардӣ кардаму яке ин мисраъ дар ёдам рӯшан шуд: «Баъди Лоиқ ин қадар танҳо шудам!» Баъдтар ин мисраъ шеър шуд, шеъре дар ҳасрати Лоиқ.
Агар умр вафо кунад, замоне китоби ёддоштҳоямро хоҳам навишт, ки дар меҳвари он образи Лоиқ қарор хоҳад дошт.
- Устоди азиз, шумо ба арсаи адабиёт чун шоири лирик ворид гаштед. Шеъру ғазалу таронаҳои лирикии шумо писанди ҳамагонанд ва як қисмашон аз забони ҳофизон садо медиҳад. Даҳсолаҳои охир рӯй ба мавзӯъҳои ҳофизаи таърихӣ, оини ватандорию ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ овардаед. Чӣ омиле муҷиби ин ҳолат шуда?
- Боз ҳам ба таъкиди устод Лоиқ, «мо, ҳама, фарзанди айёми худем». Ба вижа, шоирон, ки диле ҳассосу даррок доранд, набзи замон, моҳияти ҳодисаву воқеаҳои рӯзро бештару амиқтар ҳис мекунанд. Ба мавзӯи ифтихори миллию ёди таърихӣ рӯй овардани ман низ аз ҳамин омил маншаъ мегирад. Истиқлолият, тақвиятбахшии он тақозо дорад, ки дар байни тамоми шаҳрвандон ҳисси ифтихори миллӣ, эҳтирому посдории ному корномаи ниёгон қавӣ карда шавад, мардум аз баъзе ҳаводиси нохушоянд, аз шебу фарози рӯзгорон рӯҳафтода набошанд, дар ниҳодашон оташи хушбинию матонат ҳаргиз хомӯш нашавад. Ҳодисоти солҳои 90-уми садаи гузашта дар кишварамон маро водор сохтанд, ки рӯ ба таърихи миллат биоварам ва бо забони шеър бигӯям, ки ҳамдиёрони азиз, мо аз дудмони бузургонем, миллати соҳибтоҷу тамаддунпарварем, таърихи пуршараф дорем ва аз ин рӯ, бояд ҳимоятгари нангу номуси миллии хеш бошем, Ватанамонро дӯст дорем, пайи ободию шукуфоии он бикӯшем. Аз қаъри достони «Эҳёнома», ки пас аз дидани Куҳандизи Хуҷанд азми навиштани он дар дилам қатъӣ гашт, ҳамин маънӣ, ҳамин даъват бармехезад. Рӯҳи Темурмалики қаҳрамон ва ҳомии Ватан дар «Эҳёнома» рӯҳи бешикаст, рӯҳи тавоност. Як бовар ҳамеша бояд бегазанд ва устувор бошад: бовар ба пирӯзии адолат. Ба гувоҳии таърих, қувваи бадӣ бо рӯҳи чингизӣ ҳар ҷо бонги пирӯзӣ занад ҳам, ҳамеша бо шикаст рӯ ба рӯст.
Дар асари дигарам «Дар таҷлили офтоби аллома Иқбол» ба қадри имкон кӯшидаам, ки ҳушдор ба ҳамзамонон бидиҳам: «Мо, ҳама, фарзандони як сайёраем, модар – заминро аҳлона ҳифз аз балоҳои азим бояд бинамоем. Ҳеҷ як нобакорие дар ҷаҳон бе ҷавоб нахоҳад монд; ҷазодиҳандаро ҷазо дар пеш аст. Ғарбу Шарқ тифлони як сайёра ва андаруни як гаҳвораанд.
Зери сеҳрангез як чархи барин,
Ширхора аз яке модар –
замин,
Ҳар ду ҳам дар реша аз як
одам аст,
Пас ҳама олам ба одам хуррам
аст!»
- Устод, гуфтану шунидани шеър, ин каломи сеҳрбору дилнавози қудсӣ, ҳамеша гуворову сурурбахш аст. Суҳбат бо шумо, шунидани каломи самимию ғановатбори шумо барои хонандагони «Омӯзгор» ҳамеша хушоянд аст ва аз ин рӯ, умедворем, ки замоне пас суҳбате дигар хоҳем орост. Алҳол таманнои онро дорем, ки боз як қитъа шеъри шумо, ки ин лаҳза бадоҳатан ба ёдатон меояд, ҳусни мақтаи суҳбатамон бошад.
- Ташаккур. Ба кулли хонандагони ҳафтаномаи «Омӯзгор», ки аҳли таълиму тарбия – гули сари сабади ҷомеаанд, рӯзгорони саодатбору файзбахш орзумандам. Ва ин қитъаро барояшон эҳдо мекунам:
Шод будам, ки ғами дил
доштам,
Оташе дар ҷони бисмил
доштам…
Дар шукуфтанҳои рухсори
гулаш
Беқарориҳои булбул доштам.
Синаро во кардаам аз баҳри
дӯст,
Аз ғазабҳояш таҳаммул
доштам.
Нигориши
Абдурауф Муродӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр