Ҳанӯз дар лавҳи хотирам суханони меҳромези С.Бобомуродов амиқ нақш бастааст. Сарвари соҳибтаҷриба аз муваффақиятҳоям болидарӯҳу шодмон, мегуфт, ки ҷиҳати омӯзандаи дарсҳоям он аст, ки ман бештар ба мустақилияти шогирдон диққат медиҳам
(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)
Луғатомӯзӣ дар дарсҳои забони модарӣ ва хониш, ки ба таври мукаррару муттасил мегузарондам, ба устод бениҳоят писанд омада буд. Директор ба ман таъкид мекард, ки ба вазъи дафтардории хонандагон, ҳусни хат, ислоҳи ғалатҳои имлоӣ, ҳамчунин ба ташреҳи вазифаи хонагӣ таваҷҷуҳи хамешагӣ зоҳир намоям. Азбаски ман дар машғулиятҳои инкишофи нутқ дафтари корҳои эҷодӣ ташкил карда будам, ин омил ҳам ба директор маъқул афтод. Баъди чанде омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Зайниддин Шарифов ба сабаби дар таълимгоҳи ба манзили зисташ наздик (мактаби №48-и шаҳри Душанбе) ба кор гузаштан бо аризаи худ аз мактаб рафт.
- Минбаъд ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик фаъолиятатро давом медиҳӣ, - гуфт директори мактаб. - Умедамон аз ту калон. Фақат ба хислату характер ва ҷиҳатҳои рӯҳию равонии хонандагон зиёдтар аҳамият бидеҳ. Синфҳои панҷу шаш дарди бахайранд, вале синфҳои болоӣ мушкилиҳову нозукиҳои худро доранд. Серталабу ҷиддӣ бош, лигоми хонандагонро суст намон.
Панди сарвари мактаб дар гӯш корро дар синфҳои болоӣ оғоз намудам. Дар ин ҷода пайваста аз маслиҳатҳои омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик Бобобек Раҷабов, Муаттара Нуруллоева (ҷояш ҷаннат бошад!) ва Меҳриддин Назаров истифода мебурдам. Тӯли 5-6 моҳи фаъолияти омӯзгорӣ дар мактаби зодгоҳам дарк намудам, ки дар баробари донишу ҷаҳонбинии фарох, ба омӯзгор соҳиби сабку шеваҳои самарабахши таълимӣ будан нақши бузург мебозанд. Баҳори соли 1994 хабар доданд, ки ба мактаб директорони таълимгоҳҳои қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ (он вақт Ленин) меоянд ва ба сифати ҳайати санҷишӣ ба дарсҳо ворид гардида, машғулиятҳои омӯзгоронро ба таври ҷиддӣ таҳлилу доварӣ ва баҳогузорӣ мекунанд. Санҷиш дар асоси фармони шуъбаи маорифи ноҳия сурат мегирифтааст.
Он рӯзи гарму нарми фасли баҳорон, пагоҳон санҷишгарон ба мактаб ҳозир шуданд. Занг зада шуд, дарсҳо оғоз гардиданд. Чор – панҷ нафар аз ҳайати санҷишӣ ба машғулияти ман аз фанни адабиёти тоҷик дар синфи 10 иштирок намуданд. Дарс хеле ҷолиб, пурмуҳтаво, рангину шавқовар гузашт. Чаро? Зеро хонандагони синфҳое, ки ман машғулият мегузарондам, шеъри фаровоне аз ёд медонистанд. Яке аз талаботи асосии ман дар дарсҳои адабиёт ҳифзу аз бар намудани шеър (ғазалу рубоӣ, қитъаву порчаҳо аз достонҳои шоирон) маҳсуб меёфт. Аз шогирдон дар ҳар як дарс қотеона талаб мекардам, ки шеъру ғазал ва пораҳо аз достони ину он шоиреро, ки ҳаёт ва эҷодиёташро меомӯхтанд, ба таври ҳатмӣ ҳифз намоянд. Дигар, тафсиру маънидоди ғазалҳои шоирони классики адабиёти форсу тоҷик аз хонандагон талаб карда мешуд. Маҳз сахтгирию серталабии банда буд, ки шогирдонам луғати зиёдеро аз худ карда буданд. Ҷиҳати назарраси дарсҳоям он буд, ки хонандагон дар машғулиятҳо фикрашонро озодона, бе ҳеҷ садду мамониат баён карда, ба маҳорату ҳунари шоирони классик бо фаҳмишу дарки худ баҳо медоданд. Мавзӯи наве, ки дар дарси адабиёт дар ҳузури ҳайати санҷишӣ, ба истилоҳ-«комиссия» гузарондам, «Гуманизми Саъдии Шерозӣ» (дар иртибот ба асари «Гулистон»-и шоир) ба шумор мерафт. Маъмулан, ман кам гап мезадам, шогирдон мустақилона ҳикоятҳоро аз китоби «Гулис-тон» бо навбат қироат карда, худашон алоқадри фаҳмишашон тафсиру маънидод мекарданд. Як нафар ҳикояти хондашударо нақл мекард, дуюмӣ калимаю вожаҳои номафҳуму душворро дар тахтаи синф менавишт, саввумӣ ба шарҳи ҳикоя мепардохт. Мақсади нависанда ва ғояи ҳикоятро хонандаи дигар фаҳмонда медод. Баъд аз ин ҳама ҷӯшу хурӯш, ҷилави суханро ба даст гирифта, андешаҳои хонандагонро таҳлил намуда, ҳикояро натиҷагирӣ ва моҳияти афкори гуманистии Шайх Саъдиро ба шогирдон шарҳ медодам. Дар байн хонандагон ғазалҳои Саъдиро аз ёд гуфта, мавзӯи гузаштаро бо мавзӯи нав алоқаманд мекарданд. Маънии луғатҳои душворфаҳмро дар тахтаи синф менавиштам ва хонандагон дар дафтарҳояш сабт мекарданд. Дарс ончунон шавқовар ва хотирмон ҷараён гирифт, ки чӣ тавр гузаштани онро худ нафаҳмида мондем… Занги танаффус садо доду мо берун баромадем. Яке аз санҷишгарон, марди миёнсоли харобандом, ки дар сар тоқӣ дошт, маро ба хараки саҳни мактаб хонд. Ман то ҳол амиқан дар ёд дорам, ки мард худро ҳамчун директори мактаби деҳаи Қиблаӣ муаррифӣ намуда, дастамро фишурда табрикам гуфт. Аммо ин ҳол муҷиби ҳайрату тааҷҷуби ман буд. Ба худ суол медодам, ки чӣ «қаҳрамоние» кардаам, ки директори як таълимгоҳ дастамро сар надода, бо чеҳраи шукуфон, хандон–хандон: - Офарин, аҳсан, писарам. Дарс бояд ана ҳамин тавр гузаронида шавад. Доди корро додӣ, - гуфта хушҳолияшро ба чӣ шева баён кунад, намедонист. Сипас, ҷанбаъҳои омӯзандаи дарси гузарондаамро як–як таҳлил ва натиҷагирӣ карда, ба тахтапуштам тап–тап зада, аз ҷой бархост ва хитоб кард:
- Нисфирӯзӣ дар машвара-ти ҷамъбастӣ ман ҳамин мулоҳизаҳои худро дар бораи машғулияти шумо аз фанни адабиёти тоҷик дар ҳузури ҳайати санҷишӣ иброз медорам. Таъкид мекунам, ки омӯзгорони ҷавони ину он минтақаи ноҳия ба мактаби деҳаи Моинкаҷ омада, ба дарсҳои омӯзгори соҳибтаҷриба (яъне, шумо) иштирок карда, сабку шеваи таълимии худро сайқал диҳанд. Ман ин ҳамаро, албатта, мегӯям.
… Ҳабдаҳ соли расо дар мактаби зодгоҳам ба таълиму тарбияи шогирдон машғул будам, вале шаҳди муваффақияте, ки он ҳангом чашида будам, ҳеҷ гоҳ аз хотирам зудуда намешавад.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр