Мувофиқи ин барнома хонандагон ба ғайр аз китобҳои дарсӣ боз китобҳои бадеии бачагонаро мутолиа мекунанд.
Чӣ тавре, ки директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 Бобоқул Расулов иброз дошт, барои пурсамар гузаронидани таътили зимистона бо дастгирии омузгорони фаннӣ ва роҳбарони синфҳо 72 хонандаи синфҳои болоӣ ва ибтидоӣ ба китобхонаи муассиса ҷалб карда шудаанд.
Соли гузашта зиёда аз 150 китоби бадеӣ ба китобхона ворид карда шуд. Аммо шумораи китобҳои бадеӣ (825 нусха) кам буда, дар оянда маъмурияти муассиса нақша дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои сарикасӣ шумораи китобҳои бадеӣ ва илмии китобхонаро зиёд намояд.
Мудири китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 Муҳаббат Ғуломова дар суҳбат ба мо гуфт, ки муассисаи онҳо яке аз мактабҳои калонтарини ноҳия буда, дар он 2 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Китобхонаи мактаб 800 нафар аъзо дорад. Вале толори хониши китобхона хурд буда, ба талабот ҷавобгӯ нест. Ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар муассиса «Рӯзи китоб» гузаронида мешавад.
5 сол боз мутобиқи барномаи USAID барои хонандагони синфҳои ибтидоии муассиса барномаи «хониши оилавӣ» идома дорад. Дар давраи таътили зимистона ба хонандагон 115 номгӯй китоб тақсим карда шуд. Роҳбарони синфҳо ва кормандони китобхонаҳои муассиса ба раванди хониши хонандагон назорат мебаранд. Асосан ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ китобҳои шеърҳои бачагона, ҳикояҳо ва афсонаҳо (бо забони тоҷикӣ ва русӣ) тақсим карда мешавад.
Аъзам БОБОЕВ,
рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр