Нашрияи Омӯзгор

«Нуҳ нотаи сеҳрофар»

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

Ҷаннати 12-сола дар котиботи СҲШ дар Пекин барномаи консертӣ пешниҳод кард.

Дар қароргоҳи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин консерти камеравии донишҷӯи коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулови шаҳри Душанбе Ҷаннат Ҳусейнзодаи 12-сола баргузор гардид.

Консерти мазкур дар доираи силсилаи «Нуҳ нотаи сеҳрофар» бо ибтикори Котиботи СҲШ ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронида шуд.

Котиби генералии CҲШ Рашид Олимов дар оғози барномаи консертӣ иброз дошт, ки мусиқӣ- ин забони муоширати байни миллатҳо мебошад ва ба тарҷума ниёз надорад.

- Мухлисони Ҷаннат ӯро барои иҷрои беҳамтои мусиқии композиторони машҳур, мисли Бах, Чайковский ва Бетховен, инчунин, барои асарҳое, ки худи Ҷаннат эҷод кардааст, дӯст медоранд,- иброз дошт сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода.

Барномаи консертӣ, ки Ҷаннат Ҳусейнзода ҳамроҳ бо устодаш онро махсус омода карда буданд, асарҳои В.А.Мотсарт, Ф.Менделсон, Я.Сибелиус, Ф.Шопен, Готтшалк ва чанд асари лирикии композиторони муосири чиниро дарбар мегирифт. Мусиқии худи Ҷаннат таҳти унвони «Баҳор» ба барномаи консертӣ ҳусни нав зам намуд.

Дар доираи барнома, инчунин, намоиши аккосӣ таҳти унвони «Таърихи маданияти мусиқии халқи тоҷик» ба маъраз  гузошта шуд.

Ҷаннат Ҳусейнзода донишҷӯи курси якуми шуъба ва ихтисоси фортепианои коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов буда, аз панҷсолагӣ ба омӯзиши мусиқӣ машғул аст. Ӯ дар навохтани пианино ва скрипка маҳорати баланд дошта, қобилияти дирижерӣ ва эҷоди асарҳои мусиқиро низ дорад.

Ҷаннат дар чандин озмун ва ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Ӯзбекистон, Миср, Франсия иштирок карда, лауреат ва барандаи медали тиллоии «The Golden Festival Interna tional» (Париж,моҳи майи 2015) мебошад.

 

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш