Дар машғулиятҳои тарбиявӣ дар бораи масъалаҳои гуногуни ахлоқӣ ва мавзӯъҳои шавқовару ибратомӯз, ки ҷанбаи дидактикӣ доранд, бо хонандагон суҳбат мегузаронам.
Ҳадафи ниҳоии ман ҳамчун омӯзгор дар ҷодаи рост тарбия намудани шогирдон мебошад. Ба таври доимӣ дар ҷамъбасти дарсҳои тарбиявӣ ба хонандагон талқин менамоям, ки онҳо бояд дар зиндагӣ накукору роҳатрасони мардум, ҷасоратманду ватандӯст ва бо амалҳои созандаи худ номбардори меҳану миллат бошанд. Барои ба ин сифатҳо комёб гардидан бояд пурхондаву соҳибмаърифат буд ва аз осори гаронмояи адибони форсу тоҷик огоҳии комил дошт. Яке аз мавзӯъҳое, ки ман пайваста дар машғулиятҳои худ баррасӣ менамоям, мавзӯи сабру таҳаммулпазирӣ ва шукру қаноат ба шумор меравад. Инсон дар лаҳзаҳои вазнини зиндагӣ маҳз ба василаи таҳаммул ба қуллаи мурод мерасад. Ягон дастоварду комёбӣ осон ба каф намеояд. Барои ба мақсадҳои неки худ расидан инсон бояд ҳамвора талошу заҳмат кашад, ба азобу мушкилиҳо тоқат кунад. Дар «Пирӯзинома»-и Абӯалӣ Ибни Сино ба ҳамин маънӣ омадааст, ки вақте аз Бузургмеҳр мепурсанд, ки кадом дарахт талх аст, ки оқибат самараи ширин медиҳад, посух медиҳад, ки сабр. Ҳамин афкори ҳакимона дар ашъори Ҷалолиддини Балхӣ низ ифода ёфтааст.
Сабр талх омад, валекин оқибат
Меваи ширин диҳад
пурманфиат.
Дар роҳи талаби илм ва омӯзиш саъю азми комил нақши бузург мебозад, аммо шитобкорӣ баҳри ба даст овардани дурри мақсуд ҳеҷ вақт ба суди кор нахоҳад буд. Дар ин хусус шоири бузурги тоҷик Носири Хусрав хеле бамаврид гуфтааст:
Ҳар он сахтӣ, ки бо ту рӯй
бинмуд,
Гар осон гирияш, осон шавад
зуд.
Ба ҳар боде маҷунб аз ҷой чун
бед,
Батамкин бош ҳамчун моҳу
хуршед.
Сабру таҳаммул ва шукру қаноат оқибат инсонро хушбахту саодатманд ва шуҳратёру соҳибобрӯ мегардонад.
Шоире дар ин боб неку гуфта:
Агар сабрат ба дил чун ёр гардад,
Зафар охир туро дилдор гардад.
Саврия Хайруллоева,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №56-и ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр