Нашрияи Омӯзгор

Дастур оид ба истилоҳоти экологӣ

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 735        Шарҳ: 0

Исмоил Ҳамроев омӯзгори ҷавон буда, пас аз хатми факултаи географияи  Донишгоҳи  давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии №10-и шаҳри Ваҳдат ба хонандагон аз география дарс мегӯяд. Мавсуф ҳамбаста бо фаъолияти  омӯзгорӣ ба  таълифи  дастурҳои  таълимию  методӣ машғул шуда, мақолаю матолиби илмии  худро дар шакли  китобҳои  алоҳида ба табъ  мерасонад. Соли 2018 китоби омӯзгори ҷӯянда бо номи  «Дастури  таълимӣ – методӣ аз фанни география» ба табъ расид.

Ба қарибӣ дастури нави  методию таълимии Исмоил Ҳамроев аз фанни экология таҳти  унвони  «Истилоҳоти экологӣ» аз чоп баромад, ки  тафсиру тавзеҳи  терминҳои фанни  мазкурро дар бар  гирифтааст. Аз ҷумла, дар китоб дар бораи  мафҳум ва моҳияти  экотуризм, рушди экотуризми  парваришгоҳҳо, экотуризми боғҳои миллӣ, минтақаҳои сайёҳии кӯҳии Тоҷикистон ва як қатор  истилоҳу  мафҳумҳо маълумоти  илмии муфассал баён карда шудааст.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш