Нашрияи Омӯзгор

Хониши ифоданоки асари бадеӣ

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Ҳанӯз дар даврони то Инқилоби Октябр дар мактабҳо хониши асари бадеӣ дар шакли қироати китобҳои ғазалиёти Ҳофиз, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ ва монанди инҳо маълуму машҳур буд. Ҳатто дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, меҳмонхонаву чойхонаҳо асари бадеӣ қироат мекарданд.

Усули асоси қироати матнҳои бадеӣ дар синфҳои ибтидоӣ маҳз хониши адабӣ мебошад. Хонандагон бо супориши омӯзгор ба ду навъ хониши асари бадеӣ – хониши овозӣ ва хониши хомӯшона машғул мешаванд.

Тадқиқотҳо собит кардаанд, ки хониши асарҳои бадеӣ (хониши ифоданок) дар хонандагон малакаи дурусту бехато хондан, риояи қонуниятҳои хониш, маҳорати дарки мазмунро инкишоф мебахшад. Хонандагон аз хониши ҳамдигар лаззат мебаранд, мекӯшанд, ки беҳтару саҳеҳтар қироат бикунанд. Мунтазам ба хониши бадеӣ машғул шудан ба он мусоидат мекунад, ки шогирдон аз дарку фаҳми вазн, оҳанг, зарб, зада, интонатсияи матн хуб бархӯрдор мешаванд. Омӯзгор метавонад хониши ифоданокро ба таври сабқат (кӣ беҳтар, бо риояи ҳар чӣ бештари қонуниятҳои хониш мехонад?) баргузор намоянд.

Дар дарсҳои адабиёт (хониш) хониши ифоданоки асарҳои бадеӣ (матнҳо) бо се роҳ ҷараён меёбад: хониши бадеии омӯзгор, хониши хонандагон ва аҳлона шунидани хониши бадеии (ифоданоки) устодони санъат, гӯяндагони мумтози радиоию телевизион. Чун ҳар як амали омӯзгор хониши бадеии ӯ низ бояд намунавӣ бошаду ба шогирдон таъсири амиқ гузорад, шавқи онҳоро ба ин навъи хониш биафзояд.

Дар маҳфилҳои забон ва адабиёти тоҷик як бахшро ба хониши ифоданоки асари бадеӣ бахшидан хеле манфиатбахш хоҳад буд. Хонандагон бояд нозукиҳо ва фарқи байни хониши ифоданоки матнҳои назмию насриро дуруст сарфаҳм раванд.

Хониши бадеӣ шавқу ҳаваси хонандагонро ба китобхонӣ, ба мутолиаи дурусту бошууронаи асарҳо меафзояд, онҳоро ба дарки комили осори хондаашон водор месозад. Воқеан, дар қатори намунаҳои дигар дар ихтиёри омӯзгорони тоҷик сабти намунаҳо аз хониши адабии Маҳмудҷон Воҳидов, ҳунарпешаи мумтозу нотакрори тоҷик мавҷуд аст, ки шунавондани он ба хонандагон судманд хоҳад буд.

 Латофат Келдиева,

омӯзгори мактаби №9-и  ба номи

Низомӣ, ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш