Дар ҷараёни таълиму тарбия омӯзгор аз методу усулҳо, воситаҳои гуногун ва шаклҳои мухталифи тадрис истифода мебарад. Маълум, ки муҳимтарин шакли омӯзиш дар таълимгоҳҳо дарс мебошад. Дарсҳо хеле гуногун (аз рӯи ҳадафу мақсад, мазмуну мундариҷа, хусусиёт…) мешаванд.
Яке аз навъҳои махсуси дарсҳо, ки аз тамоми фанҳо дар давраҳои муайян истифода мешавад, дарси ҷамъбастӣ мебошад. Ин навъи дарс маъмулан пас аз итмоми омӯзиши мавзӯъҳои (бобҳои) калону обзорӣ, мавзӯъҳо оид ба ҳаёт ва эҷодиёти ин ё он нависанда, омӯзиши бавусъати асари нависандае, омӯзиши як давраи томи адабиёт баргузор карда мешаванд. Баргузории чунин дарсҳо дар барномаи таълимӣ низ нишон дода шудааст.
Бояд гуфт, ки баръакси ақидаи баъзе аз омӯзгорон, дарси ҷамъбастӣ такрори мавзӯъҳои гузашта нест. Ин гурӯҳ омӯзгорон дарси ҷамъбастиро пурра ба саволу ҷавоб оид ба мавзӯъҳои гузашта дар давраи муайян мебахшанд ва бо ҳамин имконоти дарсро маҳдуду онро якрангу қолабӣ мекунанд. Омӯзгорони ботаҷриба дарси ҷамъбастиро ба машғулияти омӯзиши иловагию мустаҳкамкунанда вобаста ба мавзӯъҳои гузашта табдил медиҳанд. Масалан, дарс ба ҷамъбасти мавзӯи калони ҳаёт ва эҷодиёти устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шудааст. Хуб мешавад, ки дар ин дарси ҷамъбастӣ омӯзгор тавассути дастгоҳи видеоӣ филми «Қисмати шоир»-ро (лаҳзаҳо, интихобан) намоиш дода, сипас, перомуни он бо шогирдон суҳбати озод биорояд. Ҳамчунин, дар ин дарс хониши ифоданоки ашъори шоирро ташкил намудан манфиатбахшу пуртаъсир мебошад. Хониши ифоданок дар дарсҳое, ки ба ҷамъбасти омӯзиши як асари томи адибе бахшида шудаанд (масалан, «Мактаби куҳна»-и устод Садриддин Айнӣ), низ хеле мувофиқ аст.
Чунонки муҳаққиқон муайян кардаанд, дарсҳои ҷамъбастӣ боз шаклҳои дигар низ доранд, аз ҷумла: конфронсҳо, маҳфилҳои адабӣ, корҳои хаттӣ (навиштани эссе, нақли хаттӣ, иншо, тавсифнома ба қаҳрамони асар…), хониши берун аз синф, сабқатҳои гуногун.
Дарси ҷамъбастӣ аз омӯзгор омодагии махсус ва эҷодкорию навовариро тақозо дорад.
Насрингул
АБДУЛАЗИЗОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр