Нашрияи Омӯзгор

Усулҳои самарабахши таълим

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

(Аз таҷриба дар синфҳои ибтидоӣ)

Масъалаи омодагии психологии кӯдакон ҳангоми аз муассисаи  ибтидоӣ ба муассисаи асосӣ гузаштани онҳо хеле муҳим мебошад.

Зимнан омилҳои зерин мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мераванд: паст шудани давомот ва интизом, муносибати манфӣ ба таълим, ноустувории эҳсосӣ, халалдор шудани рафтор, ки ба сабабҳои зерин ба вуҷуд меоянд:

- ба ҳам мувофиқ омадани давраи буҳрони синнусолии кӯдак (буҳрони кӯдакони 7 -сола) бо тағйир ёфтани фаъолияти асосӣ;

- ба қадри кофӣ ба фаъолияти таълимии нисбатан мураккабу мустақилона тайёр намудани кӯдак, ки бо инкишофи зеҳнию шахсияти онҳо, асосан ба маҳорати таҳсил;

-ангеза, амалҳои таълимӣ, назорат ва арзёбӣ;

Самаранок гузаштани дарс бештар ба он вобаста аст, ки муаллим то чӣ андоза аз усули самарабахши таълим истифода мебарад. Яке аз чунин усули самарабахши таълим дар синфҳои ибтидоӣ истифодаи бозиҳои таълимӣ дар ҷараёни дарс мебошад.

Таҷриба собит менамояд, ки истифодаи маводи шавқовар барои аз бар намудани донишҳои хаттию шифоҳӣ  ва инкишофи тафаккури забондонии  хонандагон мусоидат менамояд.

Барои бедор намудани шавқу ҳаваси маърифатии бачагон таълимро бо бозиҳои дидактикӣ алоқаманд кунондан мувофиқи мақсад мебошад. Маводе, ки ба кӯдак ҳангоми бозӣ пешниход мегардад, агар он завқовар бошад, бо осонӣ аз худ мегардад ва дар хотири вай нақш мебандад.

Бозӣ фаъолияти равонии хонандагонро муътадил намуда, шавқу ҳавасашонро ба дарс, хоса ба омӯзиши фанни забони модарӣ афзуда, имконоти фарогирии маводро бештар сохта, хасташавиро рафъ менамояд ва ҷараёни омӯзишро осон мегардонад.

  Дар таълими забони модарӣ дар  синфҳои ибтидоӣ дохил намудани бозиҳои дидактикӣ ва маводи шавқовар ба тарғиби  забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии кӯдакон мусоидат менамояд.

Дар дарсҳои забони модарӣ маводи шавқовар бо назардошти омодагии синф, дараҷаи тайёрии хонандагон ба таълим пешкаш карда мешавад.

Маводи шавқовари дар дарси забони модарӣ  мавриди истифода қароргиранда гуногуншакланд. Аз ҷумла, дар синфҳои ибтидоӣ истифодаи бозиҳои таълимӣ, чистонҳо, масъалаҳои шавқовар, муаммоҳо, нақшофарӣ  ва ғайраҳо ба ҳалли мақсадҳои педагогӣ мусоидат мекунанд.

Кӯдакон табиатан маводи гуногуни барномаи таълимиро дар рафти бозӣ  аз худ мекунанд. Дар мавриди истифодаи бозиҳои дидактикӣ бошад, худи раванди бозӣ ба мадди дувум мегузарад ва дар мадди аввал инкишоф додани шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши забони модарӣ  ва тавассути он ҳосил кардани дониш ва малакаю маҳорати забондонӣ  мебарояд.

Ҳамин тавр, фаъолияти хонандагон дар ҷараёни бозӣ метавонад ба инкишофи нутқи онҳо мусоидат намояд. Бозӣ қувваи бузург ва ниҳоят хубу ивазнашавандаи инкишофи ақлии хонанда аст. Атфол ба бозӣ бештар майлу ниёз доранд, ки табиатан хоси онҳост ва ин  нуқтаро равоншиносон низ ёдрас шудаанд.

Назира Холова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби № 39, ноҳияи Варзоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш