Нашрияи Омӯзгор

Таълиму тарбия тавъаманд

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Масъалаи таълиму тарбияи инсон мавзӯест, ки тамоми адабиёти мо, хусусан, адабиёти классикиро фаро гирифтааст. Ман, ки омӯзгораму    вазифаам таълиму тарбияи шогирдон аст, ҳама вақт дар ин боб  андеша карда, мехоҳам роҳҳои дурусти тарбияи хулқу атвори инсонро дарёбам,    ба воситаи таҳлили панду андарзҳо, шеъру ҳикояҳо аз адабиёт хислатҳои хуби инсониро  тарғиб намоям. Аммо, мутаассифона,  боз баъзе муносибатҳои номатлубе аз шогирдон нисбат ба  атрофиёнашон мушоҳида  мешавад.  Сабаби ин дар он аст, ки хонанда то ба муассисаи таълимӣ омадан аз оила, аз муҳит тарбия мегирад. Беҳуда бузургон нагуфтаанд,  ки тарбияи инсон аз батни модар оғоз мешавад.

Бояд кӯдак нахуст  дар оила хислатҳои хуби инсониро ёд гирад, дар муассиса онро мустаҳкам гардонад, то вай инсони хубу ботарбияе шавад. Дар ин ҳолат муҳити носолиме ба вай таъсир расонида наметавонад. Хуб мешуд, падару модар ба китобдорию китобхонӣ рӯ меоварданд. Дар баъзе хонаҳо ғайр аз китоби дарсии фарзандон  аз китобҳои бадеӣ  нишоне нест. Агар волидон  китоб харанду китоб хонанд, аз асарҳои хондаашон ба фарзандон каме  ҳам бошад нақл кунанд, панде ё байтеро  таҳлил намоянд, фарзандон ҳам адаб мегиранду ҳам ба корҳои зараровар камтар машғул мешаванд. Яъне  намуна будани волидайн барои фарзандон боиси дарки масъулият ва ҷиддӣ муносибат кардани онҳо нисбат ба мактабу дарсазхудкунии онҳо мегардад.

Хуб мешуд, ки волидони муҳтарам Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро мавриди омӯзиш қарор  дода,    дар раванди тарбияи фарзандонашон бо мо, омӯзгорон, ҳамкорӣ мекарданд, зеро танҳо хулқу атвори хуб инсонро обрӯманд мегардонад. Барои ба чунин ҳадаф расидан робитаи дуҷониба ҳатман мусоидат менамояд.

 

Х. Гуляман,

омӯзгори мактаби

 №67, ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш