Солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Аз ин рӯ, мо - омӯзгоронро зарур аст, ки баҳри дастгирии иқдомҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамвора талош намоем.
Метавонем дар тамоми мактабҳои кишвар гурӯҳҳои волонтёрҳои кумакрасон ба сайёҳонро ташкил намоем. Ин гурӯҳи хонандаҳо дар вақтҳои холӣ аз дарс ба гӯшаву канори маконҳои таърихӣ ва сайёҳии деҳа, шаҳр, маркази ноҳияашон рафта, ақаллан барои роҳнамоӣ ҳам бошад, бевосита ба сайёҳони корафтода кумак расонанд. Барои ин онҳо бояд дорои либоси махсуси муайянкунандаи самти волонтёрӣ бошанд. Дар вақтҳои дигар ин гурӯҳи мактаббачаҳо вазифадор мешаванд, ки тозагиву ободии он гӯшаи сайёҳии зодгоҳашонро таъмин кунанд. Албатта, бо хоҳиши худи мактаббачаҳо ва волидон бояд роҳандозӣ гардад. Хуб мешуд, гурӯҳи волонтёрҳои кумакрасон ба сайёҳон аз тарафи хонандаҳои синфҳои болоӣ интихоб шаванд. Чун дар забондонӣ ва одоби муоширату ҳалли мушкилоти сайёҳ онҳо имконияти бештар доранд.
Фирӯза Ғаниева,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр