Имрӯзҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ китобҳои бадеӣ дастраси хонандагон гардидааст. Аммо аз чӣ бошад, ки мутолиаи он аз ҷониби хонандагон хеле кам мушоҳида мегардад. Хонандаи имрӯза ба китобу китобхона он қадар майл надорад. Мо, омӯзгорон, вазифадорем, ки дар қалби дустрӯякон меҳри китобро бедор намоем. Ман ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ доимо бо шогирдони худ дар дарсҳои тарбиявӣ ва вақтҳои холигӣ китоб мутолиа менамоям. Мо аз китобҳои бадеии бачагона, афсонаҳо, шеъру сурудҳо зиёд истифода мебарем. Мусаллам аст, ки хонандаи имрӯза аз планшету телефонҳои мобилӣ зиёд истифода мебарад. Ин хуб аст, ки онҳо аз дастгоҳҳои нави техникӣ бохабаранд, лекин гап аз қавли маъруф, “Аз ҳама чиз пушаймонӣ ҳаст, аммо аз мутолиаи китоб нест”. Ҳама гузаштагони мо ба китобу китобхонӣ майл доштанд. Бояд мо низ пайравони онҳо бошем. Дар ин масъала зарур аст, ки омӯзгорон хонандагонро бештар ба китобхонӣ ҷалб намоянд. Онҳоро ба китобхонаҳои мактабӣ, ноҳиявӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон аъзо намоянд. Дар ин хусус бо волидайн кор бурдан лозим аст. Зеро мактаб аз оила дур бошад, кори таълиму тарбия пеш намеравад.
ҳусноро ҲАИТОВА,
омӯзгори мактаби №105-и ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр