Нашрияи Омӯзгор

Шод бошу дер зӣ!

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 737        Шарҳ: 0

Шарофат Қосимова собиқадори маориф (57 сол), омӯзгори варзида, муаллифи китоби дарсии «Забони давлатӣ» (ҳаммуаллиф), чандин дастури методӣ, аз ҷумла, «Маҷмӯаи диктант ва нақли хаттӣ» (барои синфҳои таълимашон ғайритоҷикӣ) аз алоқамандони ифтихории нашрияҳои соҳаи маориф, бахусус, ҳафтаномаи «Омӯзгор»-анд ва имрӯз давлати пирӣ меронанд.

Муаллима соли 1930 дар оилаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдулхайр Қосимов ба дунё омада, фарҳанги ин хонадонро то имрӯз ҳифз карда тавонистаанд. Омӯзишгоҳи занонаи шаҳри Душанберо бо дипломи сурх соли 1957 хатм намуда, фаъолияти омӯзгориашонро аз мактаби рақами 14 оғоз кардаанд.

То ба нафақа баромадан (соли 1980) дар мактабҳои №13, 66 роҳбарӣ намудаанд. Баъди ин дар мактаби №46 ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон (чанд соли дигар дар шаҳр) фаъолият доштанд. Хастагиро намедонистанд ва ҳамеша ба кор бо дили гарм ва муҳаббати хоса меомаданд.

Зиҳӣ, устоди азиз ва пири кор!

 

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш