Нашрияи Омӯзгор

Ҷавонону наврасон ва хатари терроризму экстремизм

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Дар ин робита, ҳамчунин, дар ақсои олам терроризму экстремизм беш аз ҳар вақт авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният дар асри ХХI ба ҳисоб меравад. Пайваста дар ин мавзӯъ масъулони ниҳодҳои амниятии кишварҳои ҷаҳон нишастҳои сатҳи баланд доир намуда, мекӯшанд дар решакан кардани он чораҳои мушаххас андешанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои «Ал-қоида», «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат-ан-Нусра», «Гурӯҳи 24», Ташкилоти террористию экстремистии  ҲНИ манъ карда шудааст. Аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар соли гузашта 110 нафар барои ифротгароӣ ва терроризм ва 74 нафар барои ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ боздошт гардида, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамчунин, маълум гардид, 30 ҷавони тоҷик дар ин ҷангҳо кушта шудаанд. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон, ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ қарор мегиранд. Бояд сабабҳои шомил гардидани онҳо ба ин ҳизбу ҳаракатҳо таҳлилу таҳқиқ ва баррасӣ шаванд.

Ба андешаи инҷониб, сабаби рух додани ин ҳодисаҳо, пеш аз ҳама, дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи волидон бо мактаб, риоя нагардидани талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошанд. Бачаҳо беназорат монда, дар машғулияту дарсҳо ширкат намеварзанд ва рӯ ба корҳои ношоиста меоранд, авбошӣ мекунанд, ҳатто аз нодонӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мепайванданд ва дар ниҳояти кор қотили инсон мешаванд. Баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш ба харҷ намедиҳанд ва бе шуғли муайян ва касбу кор мемонанд. Бекорӣ сарчашмаи ҳамаи балоҳост, одам аз бекорӣ ба ҳар кор даст мезанад. Ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ касбу коре ё шуғле дошта бошад, то ризқу рӯзии хеш ва аҳли хонаводаро пайдо намояд ва ҳам ба фикрҳои беҳуда фурсат наёбад. Аксари ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ  менамоянд. Баъзе аз онҳо ба нашъамандӣ мубтало мегарданд. Пош хӯрдани оилаҳои ҷавон низ яке аз сабабҳои ба равияҳои бегона шомил гардидани ҷавонон мегардад. Мо - калонсолон, бояд ҳамаи чораҳоро андешем, то ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоем. Ба ҷавонону наврасон ҳамеша бояд таъкид кунем, ки фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои ифротгарову манфиатталаб нашаванд ва ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо накунанд.

Малоҳат

БОБОБЕКОВА,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш