Нашрияи Омӯзгор

Машғулиятҳо дар гурӯҳҳо

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва ҷалби бештари кӯдакон ба кӯдакистонҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Дар назди мо, мураббиён, вазифаҳои муҳиме қарор доранд, ки кӯдакони синни томактабиро ҳаматарафа ва дар сатҳи баланд ба мактаб омода намоем. Яке аз омилҳои муҳими беҳтар намудани сифати таълим дониши мукаммал доштани мураббӣ дар бораи барномаҳои таълимии кӯдакистонҳо мувофиқи синнусоли кӯдакон мебошад. Дар интихоби мавзӯи машғулиятҳо маводи таълимию аёнии маҳал (ашёи гирду атроф, ҳодисаҳои ҷомеа) – ро истифода намудан ба мақсад мувофиқ аст. Хусусан, татбиқи вазифаҳои  барномавии машғулиятҳои шиносоӣ бо табиат ва инкишофи нутқ муҳиму аввалиндараҷа мебошад. Тарбиятгирандагонро бо табиати деҳа (беша, кӯҳҳо, дарёҳо, боғҳо, чарогоҳҳо ва ғайра), шаҳр (боғҳои истироҳатӣ, кӯчаю хиёбонҳои гулпӯш, фаввораҳо…) ва пешаю касбҳои гуногуни одамон шинос намудан муҳим аст. Дар машғулиятҳои фаъолияти мусаввирӣ (расмкашӣ, суробсозӣ, гулмонӣ ва тартибдиҳӣ) тасаввуроти кӯдаконро оид ба ашёю ҳодисаҳои гуногуни атроф такмил дода, дар раванди таълим васеъ истифода бурдан лозим аст. Мураббӣ машғулиятҳоро бо ҳамаи тарбиятгирандагони гурӯҳ ташкил намуда, вазифаҳои барномавии таълимиро муайян мекунад ва барои иҷрои онҳо роҳу усулҳои гуногунро интихоб менамояд.

Гулбаҳор АЗИМОВА,

методисти ширхоргоҳ – кӯдакистони

№159-и шаҳри Душанбе  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш