Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкорӣ гарави комёбист

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 736        Шарҳ: 0

Борҳо таъкиду собит шудааст, ки имрӯзу фардои ҷомеа, шукуфоии рушди кишвар, таъмини истиқлолияти миллӣ ва амнияти мамлакат бештар аз ҳама ба таълиму тарбия иртиботманд аст.

Аз ин ҷост, ки Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, ки масъули асосии ҷараёни таълиму тарбия мебошад, таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоянд ва мекӯшанд, ки барои фаъолияти доманадору пурсамари аҳли маориф дар ҷумҳурӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шаванд. Бо ташаббусу дастури Сарвари кишвар Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳия ва қабул гардид, ки марҳилаи наверо дар самти омӯзишу парвариши насли нав-рас боз намуд.

Маълум, ки дар босифату ҳадафгиру самаровар гардидани таълиму тарбия робитаю ҳамкории омӯзгорону волидон (мактаб ва оила) нақши хеле муҳим мебозад. Қонуни мазкур падару модаронро водор сохт, даъват намуд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон бетараф набошанд, саҳлангорӣ накунанд, онро танҳо кори мактаб надонанд. Бисёр муносибатҳои мактабу оиларо, ки қаблан асосманду ҷиддӣ шуморида намешуданд, ин қонун ба расмият даровард. Дар моддаи 6-уми қонун омадааст: «Падару модар ҳуқуқ доранд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои фарзанди худро ҳимоя намоянд. Дар идоракунии муассисаи таълимӣ, ки фарзандашон дар он таҳсил мекунад, иштирок намоянд. Бо раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, инчунин, бо баҳои аз фанҳои таълимӣ гирифтаи фарзанди худ шинос шаванд». Яке аз муқаррароти муҳим дар самти ҳамкории мактабу оила ташкили «Рӯзҳои падару модар» дар мактаб мебошад. Ин тадбир иқдоми муассиру масъулиятафзоест ва онҳое, ки дар ин самт фориғболӣ мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Яъне «Рӯзҳои падару модар» дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бояд баргузор карда шавад, нақшаю ҳадафи муҳтавои ҷиддӣ дошта бошад, ҳам барои омӯзгорон, ҳам барои волидон ва ҳам барои фарзандон таъсирбахшу нақшгузор бошад. Дар Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба масоили тарбияи шахсияти комили хонанда диққати ҷиддӣ дода шудааст. Дар қонун мехонем: «Фарзандонро дар рӯҳи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд». Ин нуктаи муҳим аст ва махсусан, дар айёми мо моҳияти бештаре пайдо карда. Вақте ки волидон аз аввал ба фарзандон дӯст доштани Ватан ва ҳиссагузорӣ ба рушду ободии онро талқин мекунанд, аз бисёр каҷравиҳову сабукфикрҳои минбаъдаи онҳо пешгирӣ менамоянд. Фарзанди солим аз оилаи солим бармехезад. Фарзанде, ки дар муҳити тақвиятбахши таълиму тарбияи мактаб ба камол расидааст, ҳаргиз ба Ватан хиёнат намекунад, ба доми фиреби ифротгароёну бадхоҳон намеафтад, неку бадро хуб фарқ карда метавонад.

Дар урфият мегӯянд, ки «Ёр аҳл бошад, кор саҳл бошад». Ҳамбастагӣ, ҳамкорӣ, дасти ҳам гирифтан, бо маслиҳат амал кардан комёбӣ бор меоварад, ҳамагонро ба қуллаҳои мурод мерасонад. Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамин нуктаи муҳимро таъкид ва тарғибу талаб мекунад, нуктае, ки риояву иҷрояш ба манфиати кулли ҷомеа ва Ватани азизамон мебошад.

Заррина Набиева,

омӯзгори таърих


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш