Нашрияи Омӯзгор

Проблемагузорӣ дар дарс

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Методи таълими проблемавӣ дар ташаккули шахсият нақши муассир дорад: хонандаро ба омӯхтан водор намуда, қобилияти фикрронии ӯро сайқал медиҳад, дар вазъиятҳои гуногун дуруст амал карданро меомӯзонад.

Дарси адабиёт дар тарбия ва ташаккули шахсияти хонанда имкониятҳои зиёдеро дорост. Осори пурқиммати классикони адабиёти тоҷик дар тарбияи хонандаи имрӯза чун намунаи ибрат таъсиргузор аст.

Барои он ки дар дарс проблема ба вуҷуд ояд, аввал омӯзгорро мебояд, ки мавзӯъро ба қисматҳо ҷудо намуда, вобаста ба мазмуни мавзӯъ пешакӣ саволи проблемавӣ тартиб диҳад. Дар рафти дарс байни хонандагон ва омӯзгор барои ёфтани ҷавоби дуруст ба саволҳои проблемавӣ муҳокимарониҳо, баҳси илмӣ ба вуҷуд меояд. Дар чунин ҳолат хонандагон ба фикрронӣ бештар машғул мешаванд ва дарс барои онҳо шавқовар мешавад.

Саволҳо вобаста ба сатҳи дониши хонандагони синф гузошта мешаванд.

Чанд намуна:

1. Омӯзгор метавонад ҳикояро аз асари «Бадоеъ-ул-вақоеъ» -и Восифӣ ба таври зер нақл ва саволгузорӣ кунад.

Муаллифи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» Зайниддин Восифӣ нақли аҷибе овардааст, ки он «Хамсаи мутаҳаййира» («Панҷгонаи ҳайра-товар») ном дошта, хеле пурмазмун мебошад.

Мавлоно  Муҳаммади Ҷоҷармӣ ба шогирдон дарс медод. Ин шогирдон нанҷ нафар буданд: Абдураҳмон, Ҳусайн, Шамсиддин, Довуд, Муиниддин. Устод ба шогирдон асари машҳури «Шарҳи таҷрид»-и Мавлоно Алии Қушчиро тадрис мекард. Ҳангоми шарҳу маънидоди баъзе масъалаҳои асар дар байни устоду шогирдон баҳсу мунозира авҷ мегирифт.

Мавлоно Муҳаммади Ҷоҷармӣ шогирдонро ба муҳлати чил рӯз бо сабаби ба табобат машғул шудан ҷавоб дод. Устод дар ин муддат шабу рӯз пайваста дар мутолиа буд. Барои шогирдон саволу супоришҳои ниҳоят вазнин тайёр мекард. Ниҳоят, рӯзи чилум устод аз бистари беморӣ бархест ва ба дарс ҳозир шуд. Мавлоно ба шарҳи як масъалаи мураккаб сар кард. Шогирдон пеш аз устод ҷавоб доданд. Мавлоно ҳайрон шуд.

Чаро устод ногаҳон бемор шуд ва баъди табобат дар дарс вақти шарҳи як масъалаи мураккаб дар ҳайрат монда, шогирдонро устод хонд?

2. Равшанфикре дар бораи Абдурауф Фитрати Бухороӣ гуфтааст: «Фитратро кушед, вале дар сари қабри ӯ зор-зор гирйед». Ин равшанфикр кист ва чаро чунин гуфтааст?

3. Бидеҳ, соқӣ, майи боқӣ, ки дар

ҷаннат нахоҳӣ ёфт,

Канори оби Рукнободу гулгашти

Мусаллоро.

Аммо замоне шуд, ки ҳам Рукнободу ҳам Муссалло ва ҳатто тамоми Шероз дар чашми Ҳофизи Шерозӣ хира ва бетароват менамуд. Оё фикри шоир тағйир ёфт?

Ба ин монанд аз мавзӯъҳои дигари адабиёт низ омӯзгор метавонад чанд саволи тамоили проблемавидоштаро тартиб дода, дар дарс вазъияти проблемавӣ ба вуҷуд оварда, хонандагонро ба фикрронӣ водор намояд.

Ромизҷон Шодиев,

омӯзгори мактаби

№55-и ноҳияи Рудакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш