Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши «Панҷараҳои кристаллии моддаҳо»

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Аҳли таҳқиқи илми химия солҳои зиёд чунин меҳисобиданд, ки хосияти моддаҳо, қабл аз ҳама, тавассути зарраҳое, ки ҷисм аз онҳо таркиб ёфтааст, муайян карда мешавад, аммо дертар равшан шуд, ки бо вуҷуди он ки об ва ях аз як элемент таркиб ёфтаанд, ҳамзамон дорои хосиятҳои гуногун мебошанд.

Маълум аст, ки тавсифи ҳар як модда аз хосиятҳои физики он оғоз меёбад. Дар шароити муқаррарӣ дар кадом ҳолати агрегатӣ сахт, моеъ ё газ будани модда ба хосиятҳои физикии он вобаста аст.

Дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ мо бо бисёр моддаҳо, масалан, намак, қанд, об ва ғайра дучор меоем. Намак ба пайвастагиҳои ионӣ, вале қанд ва об ба пайвастагиҳои ковалентӣ мансубанд. Ба қатори моддаҳои дорои банди ковалентӣ моддаҳои сода мансубанд, дар байни онҳо ба алмос моддаи душворгудозтарин ва сахттарини табиат ва гидроген, яъне газе дучор мешавем, ки дар чунин ҳарорати паст моеъ ва сахт мешавад ва дар ин гуна ҳарорат ҳаракати молекулаҳо қариб қатъ мегардад. Мисоли дигар. Агар мо абрақ ё аксари моддаҳои сахти дигарро ба таври механикӣ майда кунем, он гоҳ дидан мумкин аст, ки онҳо мешикананд ва кристаллчаҳои хурди шаклашон муайян ба вуҷуд меоянд. Чунин моддаҳоро моддаҳои кристаллӣ меноманд. Аммо моддаҳои сахте (ба монанди шиша, порчаи зифт ва ғайра) низ маълуманд, ки онҳоро ҳангоми зарбаи сахт порчаҳои шаклашон намуайян ҳосил мекунанд. Ин гуна моддаҳо моддаҳои аморфӣ, яъне бешакл мебошанд. Моддаҳои сахт, одатан, сохти кристаллӣ доранд. Сохти онҳо ба тартиби ҷойгиршавии зарраҳо дар нуқтаҳои муайяни фазо асос ёфтааст. Дар мавриди пайвасташавии ин нуқтаҳо бо хатҳои рост шаки фазоие ҳосил мешаванд, ки онро панҷараи кристаллӣ меноманд. Нуқтаҳоеро, ки дар онҳо зарраҳои кристаллӣ ҷойгиранд, гиреҳхои панҷара меноманд. Вобаста ба табиати зарраҳое, ки панҷараи кристалиро таркиб медиҳанд, чор хели панҷара фарқ карда мешавад: ионӣ, атомӣ молекулавӣ ва металлӣ. Панҷараҳои кристаллие, ки аз онҳо ионҳо таркиб меёбанд, панҷараҳои кристаллии ионӣ шуморида мешаванд. Онҳоро моддаҳои дорои банди ионӣ ҳосил менамоянд. Яъне, ин гуна панҷараҳо барои пайвастагиҳои ионӣ хос мебошанд. Дар гиреҳҳои панҷараҳои кристаллии ионӣ ионҳои зарядашон муқобил ҷойгир шудаанд. Гудохта шудани кристаллҳои ионӣ ба вайроншавии ориентатсияи дурусти геометрии ионҳо нисбат ба ҳамдигар ва камшавии мустаҳкамии банд оварда мерасонад. Дар натиҷаи гудохта ҷараёни электрро мегузаронад. Одатан, пайвастагиҳои ионӣ, дар моеъҳое, ки аз молекулаҳои қутбнок иборатанд, масалан, об ба осонӣ ҳал мешавад.

Гулбарг Ҷобирова,

омӯзгори мактаби 26, ноҳияи Исмоили Сомонӣ    


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш