Чанде қабл дар бинои ташкилоти ҷамъиятии «Ҷаҳони боз» (Гӯшаи Амрикоӣ) семинарии омӯзишӣ зери сарлавҳаи «Таъмини давомоти мунтазам ва пешгирии тарки таҳсил намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ» баргузор гашт.
Иштирокдорони ин семинари судманд сарварони муассисаҳо, муовинон, равоншиносон ва роҳбарони синфҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр буданд.
Омӯзгорони калони кафедраи методикаи таълими томактабӣ ва миёнаи умумии Филиали муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд, тренерони ЮНИСЕФ (хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид) Саноат Рауфова ва Дилрабо Каримова оид ба фарогирии кӯдакон ба таҳсил ва давомоти хонандагон бо роҳҳои гуногуни дастрас машщулиятҳои омӯзишӣ гузарониданд.
Омӯзгорон аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ аз роҳҳои гуногуни НОП- низоми огоҳкунии пешгирии тарки таҳсил намудани кӯдакон бархӯрдор гаштанд. Онҳо бо роҳҳои гурӯҳбандӣ, муҳокимаронӣ, андешаронӣ ба воситаи аёният ва тахтаи электронӣ мавзӯъҳоро аз худ намуданд. Дар охири семинар омӯзгорон дарк карданд, ки усулҳои аз тарафи тренерон ташкил карда имконият медиҳад, ки устодон ба мушкилоти шогирдон аз нигоҳи нав назар андозанд, анъанаҳои кӯҳнаро, ки баъзан аз мавқеи худ истифода бурда, зӯроварӣ менамуданд, шикаста, бо шогирдони худ бо меҳру муҳаббат ва ғамхории беандоза муносибат намоянд ва ҳамроҳ мушкилашонро бартараф намоянд ва онҳоро пурра ба таҳсил фаро гиранд.
Мунаввара НАЗАРОВА,
омӯзгори мактаби №68,
шаҳри Исфара
Иловакунӣ
Иловакунии фикр