Нашрияи Омӯзгор

Тире ҳаст, дефис куҷо шуд?

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 772        Шарҳ: 0

Тиреро аз дефис фарқ накардан яке аз масъалаҳои баҳсбарангези илми забоншиносӣ маҳсуб мешавад. Вақтҳои охир риоя нагаштани қоидаҳои истифодаи дурусти аломатҳои тире ва дефис аз ҷониби муҳаррирону мусаҳҳеҳон, омӯзгорони забони тоҷикӣ ва дигар масъулин зиёд ба мушоҳида мерасад.

Ҳатто нафароне ҳам пайдо мешаванд, ки бо вуҷуди сару кор доштан бо масоили забоншиносӣ аз мавҷудияти аломати дефис хабар надоранд. Ҳангоми муроҷиат ба онҳо кас ба посухҳое монанди “Қаблан дефис буд, айни ҳол ба тире иваз шудааст”, “Дефису тире вазифаи муштарак доранд”, “Дефис гуфтанӣ аломат дар забоншиносӣ мавҷуд нест” ва ғайра дучор мегардад.

Хушбахтона, дар бораи мавқеи истифодаи аломатҳои дефису тире дар китобҳои зиёди роиҷи таълими забоншиносӣ ва дастурӣ маълумоти зарурӣ дода шуда, омӯзишу таълими онҳо ҳатмӣ гардонида шудааст. Масалан, агар ба барномаҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муроҷиат намоем, омӯзиши истифодаи дурусти аломатҳои дефис ва тире аз синфи панҷ шурӯъ мешавад. Дар “Роҳнамои  фанни  забони  тоҷикӣ барои  синфи 6-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” омӯзгор вазифадор шудааст, ки хонандагонро ба вазифаи аломати тире дар забон ошно созад: “Шинохтан ва истифодаи дурусти аломати тире ва нохунак дар нутқи айнан нақлшуда” (дар боби “Такрор”-и синфи панҷум омадааст). Дар идома зикр шудааст:  “Хонанда бояд вазифаи аломати тире ва нохунакро дар нутқи айнан нақлшуда шарҳ диҳад” (саҳ. 9). Ё дар “Стандарти фанни забони тоҷикӣ ва раҳнамои омӯзгор (синфҳои 5-9)” омадааст, ки хонанда баъди хатми зинаи асосии таълими забон ва анҷоми як қатор талабот ба як қатор натиҷаҳо ноил мегардад, ки яке аз он аз худ кардани мавқеи дефис аст: “(Хонанда) мавқеи истифодаи дефисро аз худ мекунад” (саҳ. 15 ). Инчунин, дар “Стандарт ва барномаи таълими забони тоҷикӣ барои синфҳои 5-11” низ дар мавриди омӯзиши мавқеи дефис ва тире таъкидҳо рафтааст. Метавон маълумоти даркорӣ ва муҳимро дар мавриди мавқеи дефису тире ва қоидаи истифодаи онҳо дар “Фарҳанги истилоҳоти забоншиносӣ”, ки аз ҷониби  Ш.Бобомуродов ва З.Мухторов соли 2016 таҳия гардидааст, пайдо намуд.  

Мутаассифона, бо вуҷуди мавҷуд будани маълумоти дақиқ дар бораи мавқеи истифодаи дурусти аломатҳои дефис ва тире дар барномаву стандартҳои таълими забони тоҷикӣ (чи макотиби таҳсилоти умумӣ ва чи олӣ), китобҳои дарсиву методӣ, илмиву дастурӣ ва фарҳангу луғатномаҳо, “забоншиносон” ё аз мавҷудияти ин аломатҳо хабар надоранд ё мавқеи дурусти истифодаи онҳоро риоя намекунанд.  Имрӯзҳо самараи ин беаҳамиятӣ ва надонистанҳои “забонши-носон”-ро метавон дар китобу рисолаҳо ва матбуоти даврӣ низ мушоҳида кард.

Таҳқиқот дар ин самт нишон медиҳад, ки фарқияти аломати дефис аз тире ба истилоҳ, “аз замин то ба осмон” аст. Яъне, аломатҳои дефису тире, чи аз мавқеи истифодаи онҳо дар забон бошад, чи аз ҷиҳати шаклу андоза, аз ҳамдигар тафовутҳои чашмрас доранд. Масалан, аломати дефис [лот. division – ҷудокунӣ], ки нимтире низ номида мешавад, аломати имлоӣ (пунктуатсия) буда, зиёда аз 20 вазифа – аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо, такрори калимаҳо (дав-дав), тахфифи баъзе пешоянду пайвандакҳо (к-аз, в-аз, з-он), пайвасти калимаҳо бо шумораҳои рақамӣ (10-сола, 4-рӯза) ва ғ. дорад. Тире [фар.  tiret, аз  tirer – ёзондан, дароз кардан] бошад, вазифаи маъноиву грамматикӣ дошта, зиёда аз панҷ вазифа – иваз кардани бандакҳои хабарӣ (Ман – донишҷӯ), дар муколама қабл аз сухани гӯянда омадан ва ғ. дорад. Агар соддатар карда гӯем, истифодаи дефис дар дохили калимаҳо (ка-ли-ма, 5-сола, суп-сурх, дав-давон) ва тире бошад, дар дохили ҷумла (Ман – донишҷӯ) сурат мегирад. 

Андозаи дарозии аломати дефис агар ба андозаи як ҳарф бошад, пас, андозаи дарозии аломати тире ба андозаи ду ҳарфи паҳлуи ҳам омада мебошад.

Дар сарчашмаҳо ба назар расид, ки аломати тире ба тиреи кӯтоҳу дароз ҷудо карда шудааст. Масалан, аломати тиреи кӯтоҳ, ки дарозиаш андозаи ҳарфи “N”-и забони англисӣ мебошад, “n-dash” унвон шуда, байни рақамҳо гузошта мешавад. Тиреи дароз, ки андозаи дарозиаш ба ҳарфи “M”-и забони англисӣ баробар аст, “m-dash” номида шудааст, ки худи аломати тире маҳсуб мешавад.

Умар ҲАИТОВ,

хонандаи синфи 10,

мактаби №20-и

ноҳияи Шаҳринав

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш