Инсони закӣ ва донишманд баҳри дарёфти мақсадҳои олию наҷиб ва илму донишҳои нав пайваста дар такопӯ ва саъйю талош буда, мекӯшад китобҳои зиёдеро мутолиа намояд, то роҳи дурурсти зиндагии хешро пайдо кунад. Дар муассисаи таҳсилоти умумии асосии №41-и шаҳри Кӯлоб ба номи Одил Комилов ба масъалаи мутолиаи китобҳои бадеӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Бо ин мақсад дар байни хонандагони таълимгоҳ чорабинӣ таҳти унвони “Китобхони беҳтарин” баргузор гардид. Дар ҳамоиш хонандагони фаъоли мактаб дар бораи китобҳои мутолиакардаашон, муаллифон ва қаҳрамонони асар маълумот доданд. Хонандаи синфи 7 Шаҳодат Давлатова (бо мутолиаи 100 китоб), хонандаи синфи 6 Асмоа Давлатова (бо мутолиаи 100 китоб) ва хонандаи синфи 9 Мавлуда Латипова (бо мутолиаи 100 китоб) ғолиб дониста шуданд.
Директори муассиса Муслим Лақаев қайд кард, ки хонандагони мазкур ҳамчунин, дар озмуни ҷумҳуриявии ”Китобхони беҳтарин”, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаи вилоятии ба номи С.Айнӣ баргузор гардид, ширкат варзиданд. Аз ҷумала, Шаҳодат Давлатова соҳиби Дипломи дараҷаи дуюм, Асмоа Давлатова ва Мавлуда Латипова соҳиби Ифтихорномаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи С.Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб гардиданд.
Ҷумъахон ҶӮРАЕВ,
омӯзгори мактаби №41-и шаҳри
Кӯлоб ба номи Одил Комилов
Иловакунӣ
Иловакунии фикр