Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ (30.08.2017) иброз доштанд, ки Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф вазифадор карда мешавад, ки бо истифода аз сохторҳои худ дар маҳалҳо фаъолияти муассисаҳои таълимиро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, барои беҳтар шудани сатҳу сифати таълим тадбирҳо андешад ва ҳар шаш моҳ рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро гузаронида, сатҳи донишандӯзии донишҷӯён, маҳорату малакаи касбии омӯзгорон ва амалӣ кардани навҷӯиву навгониро дар низоми таҳсилоти олии касбӣ муқаррар карда, доир ба натиҷаи корҳои иҷрошуда ба Ҳукумати кишвар гузориш диҳад ва дар воситаҳои ахбори омма интишор гардонад.
Аз ҳамон сол инҷониб дар ҳар шашмоҳа Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф радабандии муассисаҳои олии кишварро муайян менамояд. Бо мақсади гузаронидани радабандии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар нимсолаи дуюми соли 2018 гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби кормандони хадамот таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ дар натиҷаи холгузорӣ радабандии навбатиро муайян намуд.
Рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018
№
Номи муассиса
Ҷамъи холҳо
Холи умумӣ (бо % аз 310 хол)
1
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
220
70,9
2
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино
204
65,8
3
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
187
60,3
4
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
185
59,7
5
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
183
59
6
Донишгоҳи славянии Россия - Тоҷикистон
181
58,4
7
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд
179
57,7
8
Донишоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ
176
56,8
9
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур
172
55,5
10
Донишоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
166
53,5
11
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
161
51,9
12
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
156
50,3
13
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
152
49
14
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
149
48
15
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
147
47,4
16
Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
145
46,8
17
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
142
45,8
18
Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
139
44,8
19
Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон
138
44,5
20
Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
135
43,5
21
Донишгоҳи далатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев
114
36,8
22
Донишгоҳи давлатии Данғара
113
36,4
23
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент
112
36,1
24
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
106
34,2
25
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон
92
29,7
26
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам -Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит
88
28,4
27
Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара
87
28
Донишкадаи давалатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
83
26,8
29
Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
63
20,3
30
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт
61
19,7
Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ вобаста ба нишондодҳо дар 6 моҳи охир, хусусан, дар самти омӯзгорони унвон ва дараҷаи илмидори доимӣ, мавҷудияти технопаркҳо, шумораи компютерҳое, ки танҳо барои истифодаи донишҷӯён муайян карда шудаанд, номгӯи китобҳои дарсии электронӣ, мавҷудияти системаи дохилидонишгоҳии идора ва мониторинги сифати таълим, сатҳи сифати таҳсилот, шумора ва арзиши грантҳо, шумораи ҷойҳои ишғолнамудаи донишҷӯён дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, ба ҷойи кор таъмин будани хатмкардагон, миқдори ҷойи нишаст дар китобхонаи электронӣ, мавҷуд будани филиали кафедраҳо дар назди дигар муассисаҳо, ташкилотҳо, такмили ихтисоси омӯзгорон ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар хориҷи кишвар баҳогузорӣ карда мешавад.
Дар муқоиса ба рейтинги гузашта ҷойҳои ишғолнамудаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бетағйир боқӣ мондаанд.
Саъю талоши роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон низ дар ҷамъбасти рейтинг назаррас мебошад. Масалан, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар радабандии гузашта ҷойи ҳафтум ва дар ин рейтинг ҷойи панҷум ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон аз ҷойи ёздаҳум ҷойи шашумро ишғол намуданд.
Аз рӯи 34 нишондоди рейтинг холи аз ҳама баланд мебоист 310 хол (100%) -ро ташкил диҳад, мутаассифона, натиҷаи баҳогузорӣ муайян намуд, ки азхудкунии холҳо аз 61 хол (19,7%) то 220 (70,9%)- ро ташкил намуд. Аз ин ӯ, муассисаҳои олии касбии кишварро мебояд дар самти нишондодҳои зикршуда кӯшиш намоянд. .
Аз 30 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ танҳо 12-тои онҳо зиёда аз 50% нишондиҳандаҳои рейтингиро ноил гаштанд, ки нисбат ба даври якуми гузаронидани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 5 муассиса зиёд мебошад. Холи баланди онҳо 156 аз 50,3% то 220 ё ин, ки 70,9%-ро ташкил намудааст ва танҳо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 70,9%-и холро ба даст овардааст.
Холгузории рейтингӣ муайян намуд, ки 18 муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар аз 61 хол (19,7%) то 152 хол (49%) нишондодҳои рейтингиро азхуд намудаанд, ки ин нишондиҳандаи паст мебошад. Дар муқоиса ба рейтинги гузашта дар умум ба даст овардани холҳо ба ҳисоби минималӣ ва максималӣ фарқ менамояд. Масалан, дар рейтинги гузашта аз ҳама холи паст (холи минималӣ) 54 хол (17,4%)-ро ташкил менамуд ва аз ҳама холи баланд (холи максималӣ) бошад, 203 хол (65,4%)-ро ташкил намуда буд. Дар ин радабандӣ холи паст 61 хол (19,7%) ва холи баланд 220 хол (70,9%)-ро ташкил намуд. Холи пасти ин рейтинг дар муқоиса ба рейтинги гузашта 7 хол (2,3%) ва холи баланд бошад 17 хол (5,5%)-ро дарбар мегирад.
Гузаронидани радабандии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тайи солҳои охир рақобатро миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба миён овард, ки дар баланд гардидани сатҳи сифати таълим ва омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ мусоидат мекунад.
Хадамоти давлатии назорат
дар соаи маориф
Иловакунӣ
Иловакунии фикр