Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори Ватани соҳибистиқлоламон аҳли ҷомеа барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳимматро мустаҳкам баста, софдилона баҳри рушду нумӯи ҳамаҷонибаи кишвари азизи худ заҳмат кашида истодаанд.
Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва азму талоши собитқадамонаи ҳамватанон шаҳру навоҳии мамлакат бо қомат афрохтану бунёд шудани садҳо иншооти замонавӣ боз ҳам ободу зебо гардидаанд. Тоҷикистони азизамон қабои мунаққаши идона ба бар карда, қалби ҳар як сокини огоҳу бофазилати он аз нури Ваҳдату Истиқлолият ва ифтихори ватандорӣ мунаввар шудааст.
Ҳамасола пешниҳод гардидани Паёми Президент ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ як воқеаи муҳим дар ҳаёти сиёсӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат маҳсуб мешавад. Зеро Президент бо ироаи Паёмашон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ва дурнамои пешрафти онро мушаххас менамоянд.
Дар баробари таҳлили аниқи вазъи иқтисодӣ- иҷтимоии кишвар Сарвари давлатамон ба масъалаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таълиму тарбияи насли наврас ва нақши ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Бо масъулияти баланд бояд ҳама ба тарбияи ҷавонон машғул шавем ва нагузорем, ки онҳо фирефтаи доми аҷнабиён гашта, шомили гурӯҳҳои ифротӣ гарданд.
«Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд», - таъкид намуданд дар суханрониашон Пешвои миллати тоҷик.
Дар Паём баробари дигар соҳаҳо Пешвои миллат ҷиҳати рушду инкишофи маорифи кишвар фикру мулоҳизаҳои хешро баён карда, бори дигар зикр намуданд, ки: «Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла, шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад».
Пешвои миллати тоҷик ояндаи мамлакат ва рушди илму маорифро аз заҳматҳои омӯзгорон вобаста медонанд.
Масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд.
Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон ҳамарӯза зарур мебошад.
Ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Мардуми кишвари мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд.
Пешвои миллат масъалаҳои амнияту осоиши кишвар, сулҳу субот ва буҳрони молиявии ҷаҳонро таҳлил карда, аз ҳар як шаҳрванди кишвар даъват ба амал оварданд, ки ба қадри сулҳу ваҳдат бирасанд ва ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳанд:
«Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем».
Андешаҳои Сарвари кишвар ҳар як шаҳрванди баору номус ва соҳибватанро набояд бетараф гузоранд. Мо бояд ҷавобан ба даъвату ғамхориҳои Пешвои миллатамон баҳри ободонии ҳар чӣ бештари кишвари маҳбубамон саҳми арзанда гузорем.
А. Абдуқодиров,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори коллеҷи муҳандисию-омӯзгории
ноҳияи Ҷаббор Расулов
Иловакунӣ
Иловакунии фикр