Нашрияи Омӯзгор

Забономӯзӣ дунёфаҳмист

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Пас аз мутолиаи Паёми Пешвои  миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба хулосае  омадам, ки дарвоқеъ, дар аксари  масъалаҳои зикргардида ҳанӯз ҳам камбудиву норасоиҳои зиёде  ҷой доранд.

Дар Паём оид ба мавзӯи мактабу маориф  низ андешаҳои муҳим  ироа гардиданд.  Мутобиқи моддаҳои 7 ва 8 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3  июли соли 2014, №427 «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» қарор қабул гардида буд. Дар Паём Роҳбари давлат ба он ишора карданд, ки омӯзгорон нисбат ба ин қарор муносибати ҷиддӣ накарданд.

Бинобар он, мо - омӯзгоронро зарур аст, ки пайваста ҷидду ҷаҳд намоем, то натиҷаҳои хуб ба даст оварда, дар заминаи омӯзиши забони давлатӣ омӯхтани забонҳои русӣ ва англисиро низ дуруст ба роҳ монем.  Омӯзгор вазифадор аст, ки дар тарбияи насли навраси солеҳ ва ҷомеаи солим ҳиссагузор бошад, дар арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва рушду нумӯи он бетарафӣ накунад.

Бояд қайд кард, ки донистани забони хориҷӣ ва хуб донистани забони давлатӣ низ  мақоми ҳар як фардро боло мебардорад ва доираи омӯзишу муошираташ васеъ мегардад. 

Идигул Аюбова,

омӯзгори  забон ва адабиёти  тоҷики

мактаби №8, ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш