Нашрияи Омӯзгор

Бунёди бинои нави таълимӣ

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 737        Шарҳ: 0

Дар деҳаи Ободии Ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди бинои нави муассисаи таълимии рақами 19 санги асос гузошта шуд. Бинои нави таълимӣ аз се ошёна иборат буда, барои 384 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Ба иттилои масъулини соҳаи маорифи ноҳия, бинои кунунии мактаб соли 1932 ба тариқи ҳашар сохта шуда, дар ҳолати ногувор қарор дошт ва маҳз бо назардошти ҳамин омил бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохтмони бинои замонавии таълимӣ оғоз ёфт.

Раиси вилоят зимни иштирок дар оғози корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастур дод, ки дар вақти иҷрои корҳои сохтмонӣ аз масолеҳи хушсифат истифода намуда, иншоотро дар муҳлати пешбинишуда ба истифода супоранд.

Бо дастгирии ҳукумати мамлакат солҳои охир дар ноҳияи Шаҳристон ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва фароҳамсозии шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас корҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад. Дар ин раванд дар Ҷамоати деҳоти Шаҳристон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёди бинои нави гимназияи рақами 1 идома дорад. Корҳои сохтмонии бинои мазкур соли 2017 оғоз гардида буд ва то имрӯз ошёнаи якуми он пурра омода гардидааст. Он барои таълиму тарбияи 350 хонанда пешбинӣ шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома  доранд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш