Дар шаҳри Левакант 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 литсейи давлатӣ ва 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолияти пурсамар дошта, таълиму тарбияи насли наврас хуб ба роҳ монда шудааст.
Бояд хотирнишон намуд, ки дар назди ҳамаи муассисаҳои таълимии қаламрави шаҳр марказҳои инкишофи кӯдак амал менамоянд.
Чи тавре ки мушовири шуъбаи маорифи шаҳр Савринисо Пирова иброз дошт, дар марказҳои инкишофи кӯдак 350 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
16 омӯзгору мураббии дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус бо кӯдакон машғулиятҳои шавқовару пурмазмун мегузаронанд.
Шурӯъ аз соли 2019 дар марказҳои инкишофи кӯдак бо таври иловагӣ омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Мутаассифона, адабиёту дастурҳои таълимӣ барои кӯдакон намерасанд.
Аъзам БОБОЕВ,
рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр