Арсаи таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот хеле бавусъат аст ва илова ба мавзӯъҳое, ки тибқи барнома муқаррар шудаанд, иловатан бо роҳу василаҳои гуногун мавзӯъҳои махсус омӯхта мешаванд.
Ин мавзӯъҳо, пеш аз ҳама, ба такмил бахшидани доираи назари шогирдон ба муҳит, ба ҳодисаву воқеаҳои рӯз ва ба фарогир кардани доираи донишҳои хонандагон равона шудаанд. Чунончи, барои бештар кардани дараҷаи дониши шогирдон вобаста ба мавзӯъҳои эҳтироми муқаддасоти миллӣ, ҳурмати падару модар, дӯст доштани Ватан, риояи рукнҳои одаму одамгарӣ омӯзгор илова ба маводи китоби дарсӣ аз воситаҳои гуногун (китобҳои бадеӣ, расму плакатҳо, вохӯриву саёҳатҳо, намоишҳои видеоӣ…) истифода мебарад. Яке аз мавзӯъҳои муҳиме, ки ҳамасола дар тамоми синфҳо оид ба он чорабиниҳои махсус, аз ҷумла, дарсҳои тарбиявӣ баргузор кардан муҳим ва муфид аст, маълумот дар бораи қаҳрамонони Тоҷикистон мебошад. Албатта, дар синфҳои ибтидоӣ ба хонандагон оид ба қаҳрамонон маълумоти фишурда пешниҳод мешавад, вале ин маълумот бояд барчидаву асосӣ ва ҷолибу муассиру хотирмон бошад. Масалан, дар дарси тарбиявие оид ба Қаҳраноти Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ба хонандагон ҳикоят карда мешавад. Бо назардошти имконоти зеҳниву ақлонӣ ва хусусиятҳои синнусолии хонандагон ба онҳо оид ба мавзӯъ чӣ гуна маълумот пешниҳод бояд кард?
Пеш аз ҳама, ба хонандагон мухтасари тарҷумаи ҳоли устод С.Айниро тавзеҳ бояд дод. Устод дар куҷо, кай таваллуд ёфтааст ва чӣ гуна рӯзгоронеро ба сар бурдааст? Сипас, дар бораи осори пурмуҳтавои устод сухан бояд гуфт. Бояд ба таври саҳеҳу фаҳмо ва муассир оид ба мавзӯю мундариҷаи «Намунаи адабиёти тоҷик», «Мактаби куҳна», «Ҷаллодони Бухоро», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхӯр», «Исёни Муқаннаъ», «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Ёддоштҳо» сухан кард.
Дар маҷмӯъ, хонандагон бояд донанд, ки устод С.Айнӣ тамоми умри пурбори худро ба хизмати халқ, ҳимояи манфиатҳои миллат, ба афрӯхтани чароғи илму маърифат, ба рушди забону адабиёти тоҷик бахшида, аз худ осори безавол боқӣ гузоштааст. Устод бар зидди бадхоҳону нотавонбинони миллати худ далерона мубориза бурда, бо китобҳои пурмуҳтавояш собит намудааст, ки халқи тоҷик аз халқҳои қадимию соҳибтамаддун ва дорои таъриху адабиёту маданияти ғанӣ буда, ҳуқуқи соҳиби давлати мустақил буданро дорад. Устод Айнӣ адабиёти давраи навини тоҷикро поягузорӣ намудааст. Асарҳои устод ба забонҳои гуногуни олам бо теъдоди зиёд чоп шуда, адабиёти моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд. Шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир хеле хуб навиштааст:
Умри Айнӣ аз барои халқ
сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ
шаҳодатнома шуд.
И. ДАВЛАТОВА,
Аълочии маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр