Вақте ба бинои асосии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор ворид шуда, ба тарафи рост менигаред, ҷевони шишагии ғайриодиеро мебинед. Дар ин «ҷевони сеҳрнок» маҳсули дастони омӯзгори касбу ҳунари ин муассиса Зуҳро Ёрова ва шогирдонаш ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки басо ҷолибанд. Муаллима ҳам дар хобгоҳи мактаб ба ҳайси мураббӣ фаъолият менамояд ва ҳам роҳбарии маҳфили «Ҳунарҳои мардумӣ»-ро бар дӯш дорад. Ба гулдухтарони зиёде нозукиҳои касбу ҳунарҳои қадимӣ ва имрӯзии халқи тоҷикро омӯхта ва то ҳанӯз меомӯзонад. Ҳангоми суҳбат бо Зуҳро Ёрова ӯро ҳамчун ҳунарманди чирадасту нотакрор, қаламкаши моҳир ва тарроҳи зебоиофар шинохтам.
- Ман дар як гӯшаи ҳуҷраи машғулиятҳоямон ин гуфтаи Сарвари давлат - «Фарҳанг ва ҳунари воло дар ҳама давру замон ҳамчун василаи муҳимми муаррифии халқу кишвар ба ҷаҳониён шинохта шудааст»-ро ҳамчун лавҳаи зебое дӯхта, овехтаам ва ҳар сари фурсат ба шогирдонам онро гӯшзад карда, мафҳумашро барояшон шарҳ медиҳам, - мегӯяд ӯ.
- Дар хобгоҳи муассиса духтарони зиёде зиндагӣ мекунанд. Директори мактаб Муҳаммадтоҳир Саидзода ва мудири хобгоҳ Баҳодур Ҳусейнов барои ҳунаромӯзии хонандагон шароити мусоид фароҳам овардаанд. Хоҳишмандон пас аз анҷоми дарсҳои асосӣ ва хӯроки шом бекор нанишаста, ҳунар меомӯзанд. Духтарони ман (муаллима бо меҳр шогирдонашро «духтаронам» мегӯяд) айни замон ба дӯзандаи касбӣ эҳтиёҷ надоранд, зеро худашон аз уҳдаи дӯхтани пероҳанҳои миллӣ, камзул, тоқӣ ва дигар либосҳо ба осонӣ мебароянд. Куртаҳои тоҷикиро бо сангу муҳра ва пулакчаҳои дурахшону гуногунранг чунон оро медиҳанд, ки гумон мекунӣ дӯзандаҳои собиқадоре бошанд. Шогирдонам Мавлуда Тағоева, Ҷононаи Акбар, Бибиоиша Дӯстёрова, Тахмина Ёрова хонандагони синфи 11 ва Марями Ашӯралӣ (хонандаи синфи 8) аллакай бисёр ҳунарҳоро аз худ кардаанд ва маҳсули дастонашон чандин хонаву кошонаро зеб медиҳад.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр