Яке аз омилҳои фаъолияти хонандагон ба нутқи онҳо вобастагӣ дорад. Нутқ асосан ду паҳлуро дар бар мегирад: хаттиву шифоҳӣ (гуфториву навишторӣ). Нутқи хаттӣ аз хонанда маҳорати баёни фикрро дар навиштан тақозо дорад. Он барои ошкор кардани сатҳи саводи хонанда нақши муҳим мебозад. Барои он ки дар инкишофи нутқи хаттии шогирдон мо муваффақ гардем, зарур аст, ки ба тарзи дурусти навишти калимаҳо, ибораву ҷумлаҳо дар диктант, навиштани нақли хаттӣ аз синфҳои ибтидоӣ таваҷҷуҳ намоем.
Дар инкишофи нутқи шифоҳӣ бошад, ба мазмуни матн, хониши ифоданок, интонатсия бояд бештар аҳмият дод. Умуман, якеро бе дигаре наметавон инкишоф бахшид. Барои ҳамин зарур аст, ки дар пешбурди фаъолияти шогирдон ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намоем.
Ҷамила МИРЗОЕВА,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр