Нашрияи Омӯзгор

Олими  маъруфи  риёзидон

Сана: 2019-01-24        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Математика фанни дақиқ аст, фикрро ба таҳрик меорад, мантиқро сайқал мебахшад, ақлро комил месозад. Онҳое, ки бо ин фан  гаравиши  ҳамешагӣ  доранд, эҷодкору дақиқамалу хушкирдоранд ва дар  зиндагӣ  асосан комёбӣ муяссарашон мешавад.

Ман мекӯшам, ки  дарсҳоям аз ин фан  барои шогирдон  ҷолибу рангин ва таъсиргузор бошанд, таваҷҷуҳи  онҳоро ба омӯзиши  математика бештар намоянд. Барои ин аз роҳу усулу воситаҳои гуногун истифода мебарам, ба таркиби  дарсҳоям лаҳзаҳои  махсусро ворид месозам. Аз ҷумла, як  анъанаи ман, ки дар машғулиятҳоям  бо шогирдон  ҷорӣ  кардаам, ин аст, ки  ҳафтае зимни  яке аз дарсҳо оид ба ин ё он  риёзидон (математик)-и машҳур, ҳаёт ва фаъолият, кашфиёти ӯ маълумот ироа менамоям. Ин барои шогирдон таваҷҷуҳовар аст. Мекӯшам, ки  бештар  дар бораи  риёзидонҳои тоҷик ба хонандагон нақл бикунам. Масалан, чанде пеш дар як дарсам оид ба  риёзидон, мунаҷҷим ва ихтироъкори  машҳури  тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ маълумот додам. Ӯ дар байни  солҳои 930-1000 зиста, дар Хуҷанд ба олам  омада, дар Бағдод аз дунё  гузаштааст. Фаъ-олияти  илмию эҷодиаш дар шаҳрҳои  Бағдоду Рай ҷараён ёфтааст. Олими аҳди  давлати  Сомониён мебошад ва худро шогирди  Абӯрайҳони Берунӣ хондааст. Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ихтироъкори  чанд асбоби  астрономӣ, аз ҷумла, судси Фахрӣ (ба шарафи ҳокими  давр Фахруддавла  чунин номида шудааст) мебошад, ки барои  ченкунии майли  мадори офтоб (эклинтика) истифода мешудааст.

Аз ин олими  барҷастаи  хуҷандиасл ду рисолаи риёзӣ  ва шаш рисолаи  нуҷумӣ ба мерос  мондааст, ки бино ба иттилои  таҳқиқгарон, дар китобхонаҳои Бейрут, Коҳира, Оксфорд, Париж ва Теҳрон маҳфузанд.

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар илми  риёзиёт бемисл будааст. Теоремаеро, ки  имрӯз дар илми математика бо номи  теоремаи  Ферма маъмул аст, 600 сол қабл аз олими  машҳур Ферма Абӯмаҳмуди  Хуҷандӣ асос гузошта буд. Ҳамчунин, ин олими мумтози тоҷик дар илми  мусалласот (тригонометрия) теоремаи синусҳоро  ҳосил кардааст. Дар инкишофи назарияи  мусалласоти  куравӣ ва ҳалли  муодилаҳои  квадратӣ ва кубӣ таҳқиқоти  зиёдеро бомуваффақият анҷом дода, ба рушди илми  риёзиёт  мусоидат бинмудааст.

Маълумот дар бораи  риёзидонҳои  классики  тоҷик ҳам доираи  донишҳои  хонандагонро васеътар мекунад, ҳам ҳисси  миллию хештаншиносии  онҳоро таҳрик  мебахшад ва ҳам ба ҷолибу  рангин шудани  дарси риёзӣ мусоидат менамояд.

 

Матлуба ЮНУСОВА,

омӯзгори математика,

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш